Маркази тарҷумаи Равод — 567
69:9 Ва Фиръавну касоне, ки пеш аз ӯ буданд ва [мардуми] шаҳрҳои вайроншудаи [қавми Лут] муртакиби гуноҳони [бузург] шуданд
69:10 Пас, онҳо аз [фармони] фиристодаи Парвардигорашон сарпечӣ карданд, он гоҳ [Аллоҳ таоло] ононро ба азоби сахте гирифтор кард
69:11 Ҳангоме ки об туғён кард, Мо шуморо дар киштӣ савор кардем
69:12 То панде барои шумо қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишнаванд ва ба ёд биспоранд
69:13 Пас, он гоҳ ки як бор дар сур дамида шавад
69:14 Ва замину кӯҳҳо аз ҷо канда шуда ва якбора дарҳам кӯбида [ва муталошӣ] шаванд
69:15 Дар он рӯз воқеаи [азими] қиёмат ба вуқуъ] мепайвандад
69:16 Ва осмон шикофта мешавад ва дар он рӯз суст мегардад [ва фурӯ мерезад]
69:17 Ва фариштагон бар канораҳои он [осмон] қарор мегиранд ва он рӯз ҳашт [фаришта] арши Парвардигоратро бар сари худ ҳамл мекунанд
69:18 Дар он рӯз шумо [ҳамагӣ барои ҳисобрасӣ ба пешгоҳи Аллоҳ таоло] арза мешавед ва ҳеҷ чиз аз [корҳои] шумо пинҳон нахоҳад монд
69:19 Аммо касе, ки номаи [аъмолаш]-ро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Биёед, нома [-и аъмол] -и маро бихонед
69:20 Ман яқин доштам, ки бо ҳисоб [-и аъмол]-и худ мувоҷеҳ хоҳам шуд»
69:21 Пас, ӯ дар як зиндагии писандида [ва ризоятбахш] хоҳад буд
69:22 Дар биҳиште барин
69:23 Ки меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст
69:24 [Ва ба онҳо гуфта мешавад]: «Ба [хотири] он чи дар айёми гузашта пеш фиристодаед, бихӯред ва биёшомед, гувороятон бод»
69:25 Ва аммо касе, ки нома [-и аъмол]-ашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, ҳаргиз нома [-и аъмол] - амро ба ман намедоданд
69:26 Ва намедонистам, ҳисобам чист!
69:27 Эй кош, [бо марг] ҳама чиз тамом мешуд [ва поёни кор буд]!
69:28 Молу дороиям маро бениёз накард [ва суде набахшид]
69:29 Қудрату фармонравоиям [низ] аз [дасти] ман рафт [ва ба куллӣ нобуд шуд]»
69:30 [Ба фариштагон гуфта мешавад] «Ӯро бигиред ва дар банду занҷир кунед
69:31 Сипас ӯро ба [оташи] дузах бияфканед.
69:32 Он гоҳ вайро дар занҷире бибандед, ки тӯлаш ҳафтод зироъ аст
69:33 Бе гумон, ӯ ҳаргиз ба Аллоҳи бузург имон намеовард
69:34 Ва ҳаргиз [мардумро] бар таом додани бенаво[-ён] ташвиқ намекард
69:35 Пас, имрӯз дар ин ҷо дӯсти самимӣ [ва меҳрубоне] надорад [ки ёриаш кунад]