Маркази тарҷумаи Равод — 566
68:43 [Дар ҳоле ки] Дидагонашон [аз тарсу надомат] фуру афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст ва, яқинан, пеш аз ин [дар дунё] дар ҳоле ки тандуруст буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд
68:44 Пас, [эй Паёмбар] Маро бо он касе, ки ин сухан [Қуръон]-ро такзиб мекунад, вогузор. Мо ононро андак-андак [ва] ба гунае ки дарнаёбанд [ва аз ҷое ки мутаваҷҷеҳ нагарданд], ба сӯйи азоб хоҳем кашонд
68:45 Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст
68:46 [Эй Паёмбар] Магар ту аз эшон музде дархост мекунӣ, ки [аз адои он дар ранҷанд ва] бар эшон сангин аст?
68:47 Ё [асрори] ғайб назди онҳост ва онон [он чиро мегуянд, аз рӯи он] менависанд
68:48 Пас, [эй Паёмбар] барои фармон [ва ҳукми] Парвардигорат сабр кун ва монанди соҳиби моҳӣ [Юнус] мабош, ки бо диле шармсор аз хашму андӯҳ [Аллоҳро] нидо дод.
68:49 Агар неъмат [-у раҳмате] аз сӯи Парвардигораш ба ёрии ӯ наомада буд, яқинан, дар ҳоле ки накӯҳида буд, [аз шиками моҳӣ] ба саҳрои хушкида берун афканда мешуд
68:50 Пас, Парвардигораш ӯро баргузид ва аз солеҳон қарор дод
68:51 Ва [эй Паёмбар] наздик аст онон, ки кофир шуданд, ҳангоме ки оёти Қуръонро мешунаванд, туро чашмзахм зананд ва [ба хотири хашму ҳасадашон] мегӯянд: «Ҳатман, ӯ девона аст»
68:52 Дар ҳоле ки ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.
69:1 [Рӯзи] Воқеъшуданӣ [растохез]
69:2 Он воқеъшуданӣ чист?
69:3 Ва ту чи донӣ он воқеъшуданӣ чист [ва чи гуна аст]?
69:4 [Қавми] Самуд ва [қавми] Од [қиёмати] дарҳамкӯбандаро такзиб карданд
69:5 Ва аммо [қавми] Самуд ба бонги саҳмгин ҳалок шуданд
69:6 Ва аммо [қавми] Од бо тундбоде саркаш ва сард ба ҳалокат расиданд
69:7 [Аллоҳ таоло] ҳафт шабу ҳафт рӯз паёпай он [азоб]-ро бар онҳо мусаллат намуд. Пас, [агар он ҷо будӣ] [он] қавмро [дар асари он тундбод] монанди танаҳои пӯсидаи дарахтони хурмо бар замин афтода [ва ҳалокшуда] медидӣ
69:8 Пас, оё аз онҳо касеро мебинӣ, ки боқӣ монда бошад?