Маркази тарҷумаи Равод — 565
68:17 Мо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд
68:18 Ва [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд
68:19 Пас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд
68:20 Пас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд
68:21 Он гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд
68:22 Ки агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед
68:23 Пас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд:
68:24 «[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!»
68:25 Ва субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд
68:26 Пас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем
68:27 балки ҳама чизро аз даст додаем
68:28 Яке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?»
68:29 Гуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем»
68:30 Он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд
68:31 [ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем!
68:32 Умедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем»
68:33 Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст.
68:34 Ба ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст
68:35 Оё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем?
68:36 Шуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед?
68:37 Оё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред?
68:38 Ва [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст?
68:39 Ё ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад?
68:40 [Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст?
68:41 Ва ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд
68:42 Рӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд]