Маркази тарҷумаи Равод — 563
67:13 [Хоҳ] Гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, [ба ҳар ҳол] Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст
67:14 Оё касе, ки [ҳамаи мавҷудотро] офаридааст, [ҳоли бандагонро] намедонад? Дар ҳоле ки Ӯ борикбин ва огоҳ аст
67:15 Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас, дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
67:16 Оё худро аз [азоби] касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки [фармон диҳад] замин шуморо фуру барад ва ногаҳон ба ларзиш дарояд?
67:17 Ё худро аз касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тӯфони сахте бар шумо фиристад? Пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори Ман чи гуна аст!
67:18 Ҳамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ даъвати паёмбаронро] такзиб карданд; пас, [бингар, ки] уқубати Ман чи гуна буд!
67:19 Оё ба парандагоне, ки бар фарози сарашон аст, нигоҳ накарданд, ки гоҳе болҳои худро мегушоянд ва гоҳе фуру мебанданд? Ҷуз [Аллоҳи] Раҳмон [касе] онҳоро [бар фарози осмон] нигоҳ намедорад; бе гумон, Ӯ ба ҳар чиз биност
67:20 Оё он касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ диҳад? Кофирон ҷуз дар фиреб [ва ғурурашон] нестанд
67:21 Ё он касе, ки шуморо рӯзӣ медиҳад, агар рӯзиашро боздорад, [чи касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?]. Вале онҳо дар саркашӣ ва фирор аз ҳақиқат лаҷоҷат меварзанд
67:22 Оё касе, ки ба рӯ афтода [ва нагунсор] ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст, ё он ки росту устувор бар роҳи рост гом бармедорад?
67:23 Бигӯ: «Ӯ касе аст, ки шуморо офарид ва бароятон гӯшу чашмон ва дил қарор дод; [аммо шумо] андаке сипосгузорӣ мекунед»
67:24 Бигӯ: «Ӯ касест шуморо дар замин пароканд ва ба сӯйи Ӯ ҳашр мешавед»
67:25 Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда [-и қиёмат] чи замоне аст?»
67:26 Бигӯ: «Илм [-и қиёмат] танҳо назди Аллоҳ таоло аст ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»