Маркази тарҷумаи Равод — 562
67:1 Пурбаракату бузургвор аст касе, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност
67:2 [Ҳамон] Касе, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом яке аз шумо накукортар аст; ва Ӯ пирӯзманду бахшанда аст
67:3 Он ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид. Дар офариниш [-и Аллоҳ таоло] ҳеҷ беназмӣ ва халале намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун; оё нуқсе мебинӣ?
67:4 Бори дигар [ба олами ҳастӣ] нигоҳ кун; [нуқсе нахоҳӣ дид ва] чашми ту, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯйи ту бозмегардад
67:5 Ба ростӣ, Мо осмони дунёро бо чароғҳо оростем ва онҳоро барои рондани шаётин қарор додем ва барои онон азоби [оташи] сӯзон омода сохтем
67:6 Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст; ва чӣ бад ҷойгоҳе аст!
67:7 Ҳангоме ки дар он андохта шаванд, аз он наърае [ваҳшатнок] мешунаванд, дар ҳоле ки он меҷӯшад
67:8 Аз шиддати хашм наздик аст [ҷаҳаннам] пора-пора шавад. Ҳар гоҳ ки гурӯҳе дар он андохта мешаванд, нигаҳбононаш аз онон мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғатон наомад?»
67:9 Мегӯянд: «Бале; бимдиҳанда ба сӯи мо омад, он гоҳ мо ӯро такзиб кардем ва гуфтем; «Ҳаргиз Аллоҳ таоло чизе нозил накардааст. Шумо ҷуз дар гумроҳии бузург нестед»
67:10 Ва [боз] мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё тааққул мекардем, дар [зумраи] дузахиён набудем»
67:11 Пас, онҳо ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Пас, дурӣ [аз раҳмати Аллоҳ таоло] баҳраи дузахиён бод!
67:12 Бе гумон, касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд, онон омурзишу подоши бузурге доранд