Маркази тарҷумаи Равод — 561
66:8 Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯйи Аллоҳ таоло тавба кунед, тавбае холисона. Умед аст Парвардигоратон гуноҳонатонро аз шумо бизудояд ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Дар рӯзе ки Аллоҳ таоло Паёмбар ва касонеро ки ҳамроҳи ӯ эмон овардаанд хор намекунад. Нурашон пешопеши онон ба самти росташон дар ҳаракат аст, мегӯянд: «Парвардигоро, нури моро ба тамом [ва камол] бирасон ва моро биёмурз. Бе гумон, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ».
66:9 Эй Паёмбар, бо кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст; ва чи бад ҷойгоҳе аст!
66:10 Аллоҳ таоло барои касоне, ки кофир шудаанд, ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лутро масал задааст, ки он ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд, пас, ба он ду хиёнат карданд ва [он ду бандаи солеҳ] натавонистанд, чизе аз [азоби] Аллоҳро аз он ду [зан] дафъ кунанд ва [ба онҳо] гуфта шуд: «Ҳамроҳи воридшавандагони ба оташи [ҷаҳаннам шумо низ] ворид шавед»
66:11 Аллоҳ таоло барои касоне, ки имон овардаанд, ҳамсари Фиръавн [Осия]-ро масал задааст, ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, хонае бароям назди худ дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдораш наҷот бидеҳ ва маро аз қавми ситамгар раҳоӣ бахш»
66:12 Ва [низ] Марям – духтари Имрон – ро [масал задааст], ки шармгоҳи хешро [пок] нигаҳ дошт, пас, Мо аз рӯҳи худ дар он дамидем ва [ӯ] калимоти Парвардигораш ва китобҳои Ӯро тасдиқ кард ва аз фармонбардорон буд