Маркази тарҷумаи Равод — 560
66:1 Эй Паёмбар, чаро чизеро, ки Аллоҳ таоло бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнудии ҳамсаронат [бар худ] ҳаром мекунӣ? Ва [бидон, ки дар ҳама ҳол] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.
66:2 Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикасти савгандҳоятонро [бо додани каффора] бар шумо раво доштааст; ва Аллоҳ таоло дӯстдори шумост ва Ӯ донои ҳаким аст.
66:3 Ва ҳангоме ки Паёмбар ба баъзе аз ҳамсаронаш суханонеро ба роз гуфт, пас, чун [он ҳамсар] онро [ба дигаре] хабар дод ва Аллоҳ таоло ӯ [Паёмбар]-ро бар он огоҳ кард, қисмате аз онро барои ӯ баён кард ва аз қисмате [дигар] худдорӣ намуд. Пас, ҳангоме ки [паёмбар] ӯро аз он хабар дод, [он зан] гуфт: «Чи касе инро ба ту хабар додааст?». [Паёмбар] Гуфт: «[Аллоҳи] донои огоҳ маро хабар додааст»
66:4 [Эй ҳамсарони паёмбар] агар шумо ду нафар ба даргоҳи Аллоҳ таоло тавба кунед [ба суди шумост]; бе гумон, дилҳоятон [аз ҳақ] мунҳариф гаштааст ва агар шумо ду нафар бар алайҳи ӯ ҳамдаст [муттафиқ] шавед, [бидонед] ки Аллоҳ таоло дӯсту ёвари ӯст ва [низ] Ҷабраил ва мардумони шоиста – аз муъминону фариштагон – [низ] баъд аз он пуштибон [мададгори ӯ] ҳастанд
66:5 Чи басо агар шуморо талоқ диҳад, Парвардигораш ҳамсароне беҳтар аз шумо барояш ҷойгузин кунад, [ки] дӯшизагон ё занони мусулмон, муъмин, фармонбардор, тавбакор, ибодатгар [ва] рӯзадор бошанд
66:6 Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташе, ки ҳезуми он мардуму сангҳост нигаҳ доред; [оташе, ки] бар он фариштагони хашин ва сахтгир [гуморида шудаанд], ки ҳаргиз аз Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи ба онон фармон дода, нофармонӣ намекунанд ва ҳар чи фармон меёбанд, анҷом медиҳанд.
66:7 Эй касоне, ки кофир шудаед, имрӯз узрхоҳӣ накунед. Ҷуз ин нест, ки дар баробари он чи мекардед, ҷазо дода мешавед