Маркази тарҷумаи Равод — 557
64:10 Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро такзиб карданд, онон аҳли оташ [-и дузах]-анд ва ҷовидона дар он мемонанд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!
64:11 Ҳеҷ мусибате [ба инсон] намерасад, магар ба ҳукм [-у фармони] Аллоҳ таоло; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад, [Аллоҳ таоло] қалбашро ҳидоят мекунад; ва Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност.
64:12 Аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва расулро [низ] итоат кунед. Пас, агар рӯй бигардонед, [бидонед, ки] фиристодаи Мо вазифае ҷуз иблоғи ошкор надорад.
64:13 Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; пас муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд.
64:14 Эй касоне, ки имон овардаед, ба ростӣ, ки [баъзе] аз ҳамсаронатон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд; пас, аз онҳо барҳазар бошед; ва агар афв кунед ва чашм бипӯшед ва бибахшед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.
64:15 Ҷуз ин нест, ки амволу фарзандонатон василаи омурзиши [шумо] ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши бузург назди Ӯст.
64:16 Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ҳақро] бишнавед ва фармон баред ва инфоқ кунед, ки барои худи шумо беҳтар аст; ва касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш дар амон бимонанд, ононанд, ки растагоранд.
64:17 Агар ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед, онро барои шумо афзун мекунад ва шуморо меомурзад; ва Аллоҳ таоло қадршиноси бурдбор аст.
64:18 [Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст