Маркази тарҷумаи Равод — 556
64:1 Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, ҳама тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва сипос [-у ситоиш низ] аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност
64:2 Ӯст, ки шуморо офарид; пас, [гурӯҳе] аз шумо кофиранд ва [гурӯҳе] аз шумо муъмин ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст
64:3 Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо [дар раҳими модаронатон] шаклу сурат бахшид. Пас, шаклу сурататонро наку [ва зебо] гардонд, ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
64:4 Он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва он чиро пинҳон медоред ва он чиро ки ошкор мекунед, [низ] медонад; ва Аллоҳ таоло аз он чи дар синаҳост, огоҳ аст
64:5 Оё хабари касонеро, ки пеш аз ин кофир шуданд, ба шумо нарасидааст? Онҳо [таъми] кайфари кори худро чашиданд ва азоби дардноке хоҳанд дошт
64:6 Ин бад-он сабаб аст, ки паёмбаронашон бо муъҷизот [ва далоили равшан] ба сӯйи онон омаданд, пас, [онҳо аз рӯи такаббур] гуфтанд: «Оё башаре [монанди мо] мехоҳад ҳидоятамон кунад?». Он гоҳ кофир шуданд ва рӯй гардонданд ва Аллоҳ таоло [аз онон ва имонашон] бениёз буд; ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
64:7 Касоне, ки кофир шуданд, гумон бурданд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: «Оре; ба Парвардигорам савганд, яқинан [ҳама] барангехта хоҳед шуд; он гоҳ аз он чи мекардед, ба шумо хабар хоҳанд дод ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст»
64:8 Пас, ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва нуре, ки нозил кардаем, имон биёваред; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст.
64:9 Рӯзе, ки ҳамаи шуморо [дар маҳшар] гирд меоварад. Он рӯз рӯзи зиёнкоре аст ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, гуноҳони ӯро мебахшад ва ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд. Ин комёбии бузург аст.