Маркази тарҷумаи Равод — 555
63:5 Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Биёед, то расулуллоҳ барои шумо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро такон медиҳанд ва онҳоро мебинӣ, ки [аз суханони ту] рӯйгардон мешаванд ва такаббур меварзанд
63:6 Барои онҳо яксон аст, ки барояшон омурзиш бихоҳӣ ё нахоҳӣ; Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намебахшад. Бе гумон, Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад
63:7 Онҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба онон, ки назди Расулуллоҳ ҳастанд, [чизе] инфоқ накунед, то [аз гирди ӯ] пароканда шаванд; ҳоло онки ганҷинаҳои осмон ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, вале мунофиқон дарнамеёбанд
63:8 Онҳо мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, яқинан соҳибони иззат фурумоягонро аз он ҷо берун мекунанд»; дар ҳоле ки иззат аз они Аллоҳ таоло ва фиристодаи Ӯ ва муъминон аст; вале мунофиқон намедонанд
63:9 Эй касоне, ки имон овардаед, амволу фарзандонатон шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ғофил накунад; ва ҳар кас, ки чунин кунад, онон зиёнкоранд
63:10 Ва аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, пеш аз он ки марг ба суроғи яке аз шумо ояд ва бигӯяд: «Парвардигоро, эй кош [марги] маро муддати каме ба таъхир меандохтӣ, то [дар роҳи ту] садақа диҳам ва аз накукорон бошам»
63:11 Ва[-ле] ҳар кас аҷалаш фаро расад, ҳаргиз Аллоҳ таоло [онро] ба таъхир намеандозад, ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст