>

Маркази тарҷумаи Равод — 554

62:9 Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст

62:10 Пас, ҳангоме ки намоз поён ёфт, [барои касби ризқу рӯзӣ] дар замин пароканда шавед ва аз фазли Аллоҳ таоло талаб кунед; ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то растагор шавед

62:11 [Эй Паёмбар, бархе аз ин мардум] Ҳангоме ки тиҷорат ё саргармие бубинанд, [аз атрофи ту] ба сӯйи он пароканда мешаванд ва туро истода [бар минбар] раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чи дар назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар аз саргармӣ ва тиҷорат аст; ва Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст»

63:1 Ҳангоме ки мунофиқон назди ту оянд, [савганд мехӯранд ва] мегӯянд: «Мо гувоҳӣ медиҳем, ки, яқинан, ту фиристодаи Аллоҳ таоло ҳастӣ»; ва Аллоҳ таоло медонад, ки бе гумон, ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд

63:2 Онҳо савгандҳои худро сипар қарор доданд, пас, [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд. Ростӣ, ки онон чи бад мекунанд!

63:3 Ин бад-он хотир аст, ки онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд, он гоҳ бар дилҳояшон муҳр ниҳода шуда, пас, дарнамеёбанд

63:4 Ва ҳангоме ки онҳоро бубинӣ, ҷисм [ва чеҳра]-ашон туро ба шигифт оварад ва агар [сухан] гӯянд, [ба хотири фасоҳати каломашон] ба суханонашон гӯш медиҳӣ. Гӯё, онҳо чӯбҳои такядода ба деворанд, ҳар бонгеро алайҳи худ мепиндоранд. Онон душман [-и ҳақиқӣ] ҳастанд; пас, аз онон бар ҳазар бош. Аллоҳ таоло онҳоро бикушад! Чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?