>

Маркази тарҷумаи Равод — 553

62:1 Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд; [Аллоҳ таоло] ки фармонраво, муназзаҳ [ва] пирӯзманду ҳаким аст

62:2 Ӯст, ки аз миёни бесаводон Паёмбаре аз миёни худашон барангехт, ки оятҳояшро бар онҳо бихонад ва эшонро пок гардонад ва ба онон Китоб [Қуръон] ва ҳикмат биёмӯзад; агарчи пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд

62:3 Ва [ин Паёмбар] бар гурӯҳи дигаре аз онон [низ мабъус шудааст], ки ҳанӯз ба онҳо [наслҳои пешин] напайвастаанд; ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

62:4 Ин фазли Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳар кас, ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло дорои фазли азим аст

62:5 Масали касоне, ки [амал ба] Таврот ба онон таклиф шуд, вале онро [чунончи бояду шояд] риоя накарданд, ҳамчун харест, ки китобҳоеро ҳамл мекунад [аммо аз он чизе намефаҳмад]. Чи бад аст масали гурӯҳе, ки оёти илоҳиро такзиб карданд! Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад

62:6 Бигӯ: «Эй яҳудиён, агар гумон доред, ки [танҳо] шумо дӯстони Аллоҳ таоло ҳастед, на мардуми дигар, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед»

62:7 Вале онҳо ба хотири он чи аз пеш фиристодаанд, ҳаргиз он орзуро нахоҳанд кард; ва Аллоҳ таоло [аз ҳоли] ситамгорон огоҳ аст

62:8 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Он марге, ки аз он фирор мекунед, яқинан, ба шумо хоҳад расид, сипас ба сӯйи [Аллоҳ таоло он] донои ғайб ва ошкор бозгардонда мешавед; он гоҳ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ месозад»