>

Маркази тарҷумаи Равод — 552

61:6 Ва [ёдовар бош] ҳангоме ки Исо писари Марям гуфт: «Эй Бани Исроил, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи шумо ҳастам. Он чи аз Таврот, ки пеш аз ман буда тасдиқ мекунам ва [низ] муждадиҳанда ба расуле ҳастам, ки баъд аз ман меояд ва номаш «Аҳмад» аст». Пас ҳангоме ки ӯ [Аҳмад] бо муъҷизаҳо [ва далоили равшан] ба сӯи онон омад, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкор аст».

61:7 Чи касе ситамгортар аз он касе аст, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бубандад, дар ҳоле ки ба [дини] ислом даъват мешавад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад.

61:8 Онҳо мехоҳанд нури Аллоҳро бо даҳони худ хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло комилкунандаи нури хеш аст; ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд.

61:9 Ӯст, ки Паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд

61:10 Эй касоне, ки имон овардаед, оё [мехоҳед] шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад?

61:11 Ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон биёваред ва бо амвол ва ҷонҳоятон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин [кор] барои шумо беҳтар аст.

61:12 [Агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборон аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва дар хонаҳои покиза дар биҳишт ҷовидон [ҷой медиҳад]. Ин комёбии бузурге аст.

61:13 Ва [неъмати] дигаре, ки онро дӯст доред, [низ ба шумо иноят мефармояд, ки ҳамоно] ёрӣ аз сӯйи Аллоҳ таоло ва пирӯзии наздик аст; ва муъминонро [ба ин пирӯзӣ] башорат деҳ.

61:14 Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони [дини] Аллоҳ таоло бошед; ҳамон гуна ки Исо – писари Марям – ба ҳавориюн гуфт: «Чи касоне ёварони ман [дар даъват] ба сӯи Аллоҳ таоло ҳастанд?». Ҳавориюн гуфтанд: «Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем». Пас, гурӯҳе аз Бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Он гоҳ мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар душманонашон неру [ва тавоноӣ] додем, ва саранҷом пирӯз шуданд