Маркази тарҷумаи Равод — 551
60:12 Эй Паёмбар, ҳангоме ки занони муъмин назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро бо Аллоҳ таоло шарик насозанд ва дуздӣ накунанд ва муртакиби зино нашаванд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро ба дурӯғ ба шавҳаронашон нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек аз ту нофармонӣ накунанд, бо онон байъат кун ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
60:13 Эй касоне, ки имон овардаед, бо қавме, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] гирифтааст, дӯстӣ накунед. Онҳо аз охират маъюсанд, ҳамон гуна ки кофирон аз гӯрхуфтагон [мурдагони дар гӯристон дафншуда] маъюсанд
61:1 Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
61:2 Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизеро мегӯед, ки [ба он] амал намекунед?
61:3 Назди Аллоҳ таоло сахт нописанд [ва муҷиби хашм] аст, ки чизеро бигӯед, ки [ба он] амал намекунед.
61:4 Бе гумон, Аллоҳ таоло касонеро, ки чун бинои оҳанин саф баста [ва] дар роҳи Ӯ пайкор мекунанд, дӯст медорад
61:5 Ва [эй Паёмбар, ба ёд овар] ҳангомеро, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро озор [ва азият] мерасонед, дар ҳоле ки медонед, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯи шумо ҳастам?». Пас, чун онон [аз ҳақ] мунҳариф шуданд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро мунҳариф сохт; ва Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад.