Маркази тарҷумаи Равод — 550
60:6 Мусалламан барои шумо дар [зиндагии] онҳо [Иброҳим ва ёронаш] сармашқи хубе аст, барои касоне, ки умед ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат доранд; ва ҳар кас рӯйгардон шавад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст
60:7 Чи басо Аллоҳ таоло миёни шумо ва касоне [аз мушрикин], ки бо онҳо душманӣ доштаед, [пайванди] дӯстӣ [ва муҳаббат] барқарор кунад; ва Аллоҳ таоло тавоност; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.
60:8 Аллоҳ таоло шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар [амри] дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, наҳй намекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло адолатпешагонро дӯст медорад
60:9 [Ӯ] Танҳо шуморо аз дӯстӣ бо касоне наҳй мекунад, ки дар [амри] дин бо шумо ҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун кардаанд ва бар берун рондани шумо [ба дигарон] кумак кардаанд; ва ҳар кас бо онон дӯстӣ кунад, ононанд, ки ситамгоронанд.
60:10 Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки занони муъмини муҳоҷир ба назди шумо меоянд, онҳоро биозмоед; Аллоҳ таоло ба имонашон донотар аст. Пас, агар онҳоро [занони] муъмин ёфтед, эшонро ба сӯйи кофирон бознагардонед. На он занон бар эшон [кофирон] ҳалоланд ва на он [мардон] бар ин занони ҳалол; ва ҳар чи [шавҳарони кофир] харҷи [ин занон] кардаанд, ба онҳо бидиҳед; ва бар шумо гуноҳе нест, ки пас аз он ки маҳрияҳояшонро пардохтед, бо онон издивоҷ кунед; ва ба [нигаҳ доштани пайванди заношӯӣ бо] занони кофир дил набандед; [ва чун занони шумо назди онон раванд, раҳояшон кунед] ва он чиро харҷ кардаед, [аз эшон] мутолиба кунед; ва [кофирон низ] он чиро харҷ кардаанд, мутолиба кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ таоло аст, ки дар миёни шумо доварӣ мекунад; ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
60:11 Агар яке аз ҳамсарони шумо ба сӯйи кофирон рафт, он гоҳ шумо [дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва] ба интиқом аз кофирон бархостед, пас, ба касоне, ки ҳамсаронашон [ба сӯйи куффор] рафтаанд, ҳаммонанди он чиро, ки харҷ кардаанд, [аз ғаноим] бипардозед; ва аз Аллоҳе, ки шумо ба Ӯ имон доред, парво кунед