>

Маркази тарҷумаи Равод — 55

3:38 Он ҷо [буд, ки] Закариё Парвардигорашро хонд [ва] гуфт: "Парвардигоро, аз ҷониби хеш фарзанди поку писандида ба ман ато кун, [ки] бе тардид, Ту шунавандаи дуоӣ"

3:39 Пас, дар ҳоле ки ӯ [Закариё] истода дар ибодатгоҳ намоз мехонд, фариштагон нидояш доданд, ки: "Аллоҳ таоло туро ба [вилодати] Яҳё башорат медиҳад, [ки] тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ таоло [Исо] аст ва [дар илму ибодат, бар қавми хеш] сарвар аст ва порсост [ба шаҳавот таваҷҷуҳе надорад] ва паёмбаре аз шоистагон аст"

3:40 [Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, чи гуна маро фарзанде хоҳад буд, ҳол он ки пирӣ ба суроғам омадаву ҳамсарам нозост"? [Аллоҳ таоло] Гуфт: "[амри офариниш] Чунин аст, [ки] Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад"

3:41 [Закариё] Гуфт: "Парвардигоро, бароям нишонае қарор бидеҳ"; [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Нишонаат ин аст, ки се [шабона] рӯз [бидуни ин ки бемор бошӣ] ҷуз бо ишора қодир ба сухан гуфтан бо мардум нестӣ [пас, сабур бош] ва Парвардигоратро бисёр ёд кун ва шомгоҳону субҳгоҳон [Ӯро] тасбеҳ бигӯ"

3:42 Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро баргузида ва пок сохта ва туро [дар асри худ] бар занони ҷаҳон бартарӣ додааст"

3:43 Эй Марям, [ҳамвора] ибодатгари Парвардигори хеш бошу [ва барои Ӯ] саҷда бигзор ва ҳамроҳи рукуъкунандагон рукуъ кун"

3:44 [Эй паёмбар] Ин [хабар] аз хабарҳои ғайбест, ки ба ту ваҳй мекунем ва ту ҳангоме ки [уламои мазҳаби яҳуд] қаламҳои худро [барои қуръакашӣ ба об] меафканданд, то [таъйин кунанд, ки] кадом як сарпарастии Марямро ба уҳда гирад, наздашон набудӣ; ва [низ] вақте ки [ба сари ин мавзӯъ] бо якдигар кашмакаш мекарданд, канорашон ҳузур надоштӣ

3:45 Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: "Эй Марям, Аллоҳ таоло туро ба калимае аз ҷониби хеш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ – Исо ибни Марям – аст; дар ҳоле ки [ӯ] дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикони [даргоҳи илоҳӣ] аст"