>

Маркази тарҷумаи Равод — 549

60:1 Эй касоне, ки имон овардаед, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби хушнудии Ман аз [ватани худ] берун омадаед, душмани Ману душмани худатонро дӯст магиред, ки ба онҳо меҳрубонӣ кунӣ; ва ҳол он ки онон ба дини ҳаққе, ки барои шумо омадааст, куфру инкор варзидаанд ва паёмбар ва шуморо овора кардаанд; чаро ки ба Аллоҳ таоло – Парвардигоратон – имон доред. Шумо пинҳонӣ бо онҳо пайванди дӯстӣ барқарор мекунед, дар ҳоле ки Ман ба он чи ки пинҳон медоред ва он чи ки ошкор месозед, донотарам; ва ҳар кас аз шумо, ки чунин [коре] кунад, яқинан роҳи ростро гум кардааст.

60:2 Агар онҳо бар шумо даст ёбанд, душманонатон хоҳанд буд ва ба озоратон дасту забон мекушоянд ва дӯст доранд, ки шумо [низ] кофир гардед

60:3 Рӯзи қиёмат ҳаргиз хешовандонатон ва фарзандонатон ба ҳолатон суде нахоҳанд дошт. Аллоҳ таоло дар миёни шумо ҷудоӣ меандозад ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, биност

60:4 Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ таоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред», магар он сухани Иброҳим, ки ба падараш [Озар] гуфт: «Ман бароят омурзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ таоло барои ту ихтиёри чизеро надорам». Парвардигоро, бар Ту таваккал кардем ва ба сӯйи Ту рӯй овардем ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Туст.

60:5 Парвардигоро, моро дастхуши [фитнаи] кофирон қарор мадеҳ ва моро биёмурз эй Парвардигори мо; ҳамоно Ту пирӯзманди ҳакимӣ»