>

Маркази тарҷумаи Равод — 548

59:17 Пас, саранҷом [-и кор]-и онҳо ин шуд, ки онҳо ҳар ду дар оташи [дузах] хоҳанд буд. Ҷовидона дар он мемонанд ва ин аст кайфари ситамгорон.

59:18 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо чи пеш фиристодааст ва аз Аллоҳ таоло битарсед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст

59:19 Ва ҳамчун касоне набошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд, пас, Аллоҳ таоло [низ] ононро дучори худфаромӯшӣ сохт. Онҳо [бадкору] нофармонанд

59:20 Ҳаргиз аҳли ҷаҳаннам ва аҳли биҳишт яксон нестанд. Аҳли биҳишт растагоранд

59:21 Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, яқинан, онро аз тарси Аллоҳ таоло фурутан ва аз ҳам пошида медидӣ; ва ин масалҳоро барои мардум мезанем, бошад, ки бияндешанд.

59:22 Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ростин] нест; донои ғайб ва ошкор аст; Ӯ бахшандаи меҳрубон аст

59:23 Ӯ Аллоҳест, ки ҷуз Ӯ маъбуде [баҳақ] нест; [Ӯст] фармонраво, муназзаҳ, беайб ва нуқс, тасдиқкунандаи паёмбаронаш, муроқиб [-и аъмоли бандагонаш], қудратманди шикастнопазир, шукӯҳманду шикастдиҳандаи мутлақ, воломақому шоистаи азамат. Аллоҳ таоло аз он чи [барои Ӯ] шарик меоваранд, поку муназзаҳ аст

59:24 Ӯ Аллоҳ таоло аст: холиқи ҳастӣ, офаридгори он аз нестӣ [ва] шаклдиҳандаи махлуқот; номҳои нек барои Ӯст. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва Ӯ қудратманди шикастнопазир [ва] ҳаким аст.