>

Маркази тарҷумаи Равод — 547

59:10 Ва [низ] Касоне, ки пас аз онҳо [пас аз муҳоҷирону ансор] омадаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, кинае қарор мадеҳ. Парвардигоро, бе гумон, Ту дилсӯзи меҳрубонӣ»

59:11 Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони аҳли китобашон, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Агар шуморо [аз сарзаминатон] берун кунанд, мо [низ] бо шумо берун хоҳем омад ва ҳаргиз [сухани] касеро дар мавриди шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷанг шавад, албатта ёритон хоҳем кард?». Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурӯғгӯ ҳастанд

59:12 Агар онҳо [яҳудиён]-ро [аз ватанашон] берун кунанд, эшон ҳамроҳи онон берун намераванд ва агар бо онҳо ҷанг шавад, ёриашон нахоҳанд кард ва агар [ҳам] ёриашон кунанд, албатта, пушт [ба майдон] карда, фирор мекунанд ва дигар ёрӣ дода намешаванд

59:13 [Эй муъминон] Шумо, ҳатман, дар дилҳои онон беш аз Аллоҳ таоло мояи ҳаросед, зеро онон мардумоне ҳастанд, ки намефаҳманд

59:14 Онҳо [яҳудиён] ҳаргиз дастаҷамъӣ бо шумо намеҷанганд, магар дар рустоҳо [ва дижҳо]-и муҳкам ё аз пушти деворҳо. Ҷангашон дар миёни худашон сахт аст. Ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар холе ки дилҳояшон пароканда аст, зеро онҳо қавме ҳастанд, ки намеандешанд

59:15 [Достони ин яҳудиён] Монанди [достони] касонест, ки андаке пеш аз онон буданд [ва дар воқеаи Бадр] сазои кор [-и бад]-и худро чашиданд ва барои эшон азоби дардноке [дар пеш] аст

59:16 Ҳамчун [достони] шайтон аст, ҳангоме ки ба инсон гуфт: «Кофир шав»; пас, чун кофир шуд, [ба ӯ] гуфт: «Ман аз ту безорам, [чаро ки] ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам»