>

Маркази тарҷумаи Равод — 546

59:4 Ин [оворагӣ ва азоб] ба хотири он аст, ки онҳо бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] карданд ва ҳар кас бо Аллоҳ таоло мухолифат [ва душманӣ] кунад, бе гумон, Аллоҳ таоло сахткайфар аст

59:5 Он чи аз дарахти хурмо буридед ва ё онро истода бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ таоло буд, то фосиқонро хор [-у расво] созад.

59:6 Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] онҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, пас, бар он [амвол] на аспе тохтед ва на шутуре; вале Аллоҳ таоло расулонашро бар ҳар кас, ки бихоҳад, чира мегардонад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност

59:7 Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] аҳли ободиҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, аз они Аллоҳ таоло ва расул ва хешовандони ӯ ва ятимон ва бенавоён ва дарроҳмондагон аст. То [ин амвол] дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад; ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст

59:8 [Ин амвол] Барои фуқарои муҳоҷире аст, ки аз хона ва амволашон берун ронда шуданд, аз Аллоҳ таоло фазл ва хушнудӣ металабанд ва Аллоҳ таоло ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд. Онҳо ростгӯёнанд

59:9 Ва [низ] касоне, ки пеш аз онон дар диёри ислом [Мадина] ҷой гирифта ва имон овардаанд, афродеро, ки ба сӯяшон ҳиҷрат мекунанд, дӯст доранд ва дар дилҳои худ аз он чи [ба муҳоҷирон] дода шуда, эҳсоси ҳасад [ва ниёз] намекунанд ва эшонро бар худ муқаддам медоранд, ҳатто агар худ ниёзманд бошанд; ва касоне, ки аз бухл [-у ҳирс]-и нафси хеш дар амон бимонанд [ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунанд], онон растагоранд