>

Маркази тарҷумаи Равод — 545

58:22 [Эй Паёмбар] ҳеҷ қавмеро намеёбӣ, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва бо касоне, ки бо Аллоҳу расулаш [душманӣ ва] мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд; агарчи падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло имонро дар [сафҳаи] дилҳояшон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ онҳоро тақвият [ва таъйид] намудааст ва онҳоро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз онҳо хушнуд аст ва онҳо [низ] аз Аллоҳ таоло хушнуданд. Онҳо ҳизби Аллоҳ таоло ҳастанд. Огоҳ бошед! Бе тардид, ҳизби Аллоҳ таоло растагоранд

59:1 Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст

59:2 Ӯст, ки касоне аз аҳли китобро, ки кофир шуданд, бо нахустин бархӯрд [ва гирдоварии лашкар] аз диёрашон берун ронд. Гумон намекардед, ки онҳо хориҷ шуданд ва худашон [низ] гумон мекарданд, ки дижҳо [-и муҳкам]а-шон онҳоро аз [азоби] Аллоҳ таоло монеъ мешавад; пас, [азоби] Аллоҳ таоло аз ҷойе, ки гумон намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, [ба гунае ки] хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти муъминон вайрон мекарданд; пас, эй соҳибони биниш, ибрат гиред

59:3 Агар Аллоҳ таоло тарки ватан [ва оворагӣ]-ро бар онон муқаррар надошта буд, яқинан ононро дар [ҳамин] дунё азоб мекард ва барои эшон дар охират азоби оташ [-и ҷаҳаннам] аст