Маркази тарҷумаи Равод — 544
58:12 Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки мехоҳед бо расулуллоҳ наҷво кунед, пеш аз наҷвоятон садақае [дар роҳи Аллоҳ таоло] бидиҳед. Ин [кор] барои шумо беҳтару покизатар аст. Аммо агар чизе наёфтед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
58:13 Оё [аз фақр] тарсидед, ки пеш аз наҷвоятон садақаҳое диҳед? Ҳол ки чунин накардед ва Аллоҳ таоло аз шумо даргузашт, пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед, ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст.
58:14 [Эй Паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки бо қавме дӯстӣ карданд, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] кардааст; онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон [яҳудиён]; ва ба дурӯғ савганд ёд мекунанд [ки мусулмонанд], дар ҳоле ки худ медонанд [ки мунофиқанд].
58:15 Аллоҳ таоло азоби сахте барои онҳо омода кардааст, чаро ки бе гумон, аъмоли баде анҷом медоданд
58:16 Онҳо савгандҳои худро сипар [-и бало] қарор доданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд; пас, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд.
58:17 Ҳаргиз амволу фарзандонашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онҳо дафъ нахоҳад кард. Онҳо аҳл [-и оташ]-и дузаханд ва ҷовидона дар он мемонанд
58:18 Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамагии онҳоро бармеангезад, он гоҳ онҳо барои Ӯ [низ] савганд ёд мекунанд, ҳамон гуна ки [имрӯз дар дунё] барои шумо савганд ёд мекунанд ва гумон мекунанд, ки бар чизе [судманд] ҳастанд. Огоҳ бошед [ва бидонед], ки онҳо дурӯғгӯёнанд
58:19 Шайтон бар онҳо чира шуда ва ёди Аллоҳро аз хотирашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтон ҳастанд ва огоҳ бошед [ва бидонед], ки ҳизби шайтон зиёнкоранд
58:20 Бе гумон, касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] мекунанд, дар зумраи хортарин [афрод]-анд
58:21 Аллоҳ таоло муқаррар доштааст, ки «яқинан, ману расулонам пирӯз мешавем». Бе гумон, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст.