>

Маркази тарҷумаи Равод — 542

58:1 Аллоҳ таоло сухани он занро шунид, ки бо ту дар бораи шавҳараш суҳбат мекард ва ба Аллоҳ таоло шикоят мебурд. Аллоҳ таоло гуфтугӯи шуморо мешунавад, чаро ки Аллоҳ таоло шунавои биност

58:2 Касоне аз шумо, ки ҳамсарони хешро [аз лиҳози ҳурмати ҳамбистарӣ ҳамчун] модари худ талаққӣ мекунанд, [бидонанд, ки] он занон ҳаргиз модаронашон нахоҳанд буд; модарони эшон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд. Онон сухане нописанд ва ноҳақ мегӯянд ва [агар тавба кунанд] Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст

58:3 Касоне, ки занонашонро зиҳор мекунанд, сипас аз он чи гуфтаанд, бозмегарданд, бояд пеш аз омезиши ҷинсӣ бо ҳам бардаеро озод кунанд. Ин ҳукмест, ки ба он [панду] андарз дода мешавед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

58:4 Пас, касе, ки [бардаеро] наёбад, пеш аз омезиши ҷинсӣ ду моҳ паёпай рӯза бигирад ва касе, ки наметавонад [рӯза бигирад, дар он сурат] бояд шаст мискинро таом диҳад. Ин [каффора] барои он аст, ки ба Аллоҳ таоло ва расулаш имон биёваред ва инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст ва барои кофирон азоби дардноке [дар пеш] аст

58:5 Ҳамоно касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш душманӣ мекунанд, хор [-у залил] мешаванд, ҳамон гуна ки пешиниёни онҳо низ хор [-у залил] шуданд ва ба ростӣ, Мо оёти равшане нозил кардем ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст

58:6 Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи онҳоро [аз гӯр] бармеангезад, сипас онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад, [ҳамон аъмоле, ки] Аллоҳ таоло ҳисоби онро нигаҳ дошта, аммо онҳо фаромӯшаш кардаанд ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ [ва нозир] аст