>

Маркази тарҷумаи Равод — 541

57:25 Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон [-и ташхиси ҳақ аз ботил] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд. Ва оҳан [ва соири фулузот]-ро падид овардем, ки дар он ҳам неруе шадид вуҷуд дорад ва ҳам манофее барои мардум. [Чунин кардем] То Аллоҳ таоло бидонад, чи касоне бидуни он ки Парвардигорашонро бубинанд, [бо ҷангафзорҳои оҳанин] Ӯ ва паёмбаронашро [дар майдонҳои ҷанг] ёрӣ мекунанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст

57:26 Мо Нуҳ ва Иброҳимро [ба рисолат] фиристодем ва дар миёни фарзандонашон [мавҳибати] паёмбарӣ ва китоб муқаррар доштем. Бархе аз онон роҳ ёфтанд ва бисёре аз онон нофармонӣ карданд

57:27 Сипас ба дунболи онон паёмбарони дигарамонро [мабъус кардем] ва сипас Исо писари Марямро фиристодем ва Инҷилро ба ӯ ато намудем ва дар дили пайравонаш раъфат ва меҳрубонӣ ниҳодем, вале [дунёгурезӣ ва] раҳбониятеро, ки бидъат ниҳоданд, Мо бар онон муқаррар надоштем ва ҳарчанд ҳадафашон ҷалби хушнудии илоҳӣ буд, вале ҳаққи онро [чунонки бояд] риоят накарданд. Аз ин рӯ, Мо ба афроде аз эшон, ки имон оварданд, подошашонро ато кардем, вале бисёре аз онон [ба бероҳа рафтанд ва] нофармон буданд

57:28 Эй муъминон, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ба паёмбараш [холисона] имон биёваред, то Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш баҳраи дучандон ба шумо ато намояд ва бароятон нуре падид оварад, ки дар партави он гом бардоред ва шуморо бибахшояд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

57:29 [Инро баён кардем] То аҳли китоб бидонанд, ки ба фазлу бахшиши илоҳӣ дастрасӣ надоранд [ва наметавонанд онро ба касе ихтисос диҳанд ё аз касе боздоранд] ва ин ки тамоми бартарӣ ба дасти Аллоҳ таоло аст ва ба ҳар кӣ бихоҳад [ва шоиста бидонад] ато мекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад