>

Маркази тарҷумаи Равод — 540

57:19 Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон оварданд, ростгӯён [-и росткирдор] ҳастанд ва шаҳидон назди Парвардигорашон ба сар мебаранд ва [дар охират] подошу нурашон маҳфуз аст. Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ шумурданд, дузахианд

57:20 Бидонед, ки зиндагии дунё, бозича ва саргармӣ ва зевар аст ва фахрфурӯшӣ дар баробари якдигар ва афзунталабӣ дар амволу фарзандон. [Ин зиндагӣ] Дар масал ҳамчун боронест, ки гиёҳон [-и рӯйида ] аз он кишоварзонро ба шигифт меоварад; сипас [ин гиёҳи шодоб] пажмурда шавад, он гоҳ мебинӣ, ки зард мешавад ва сипас хошок мегардад ва дар охират [насиби мунофиқону кофирон] азоби шадид аст ва [насиби муъминон] омурзишу хушнудии илоҳӣ аст. [Дар ҳар ҳол] Зиндагии дунё чизе ҷуз [лаззату] бархӯрдории фонӣ [ва фиребанда] нест

57:21 [Эй мардум] Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он ҳамчун паҳнои осмону замин аст, аз якдигар пешӣ бигиред. [Ин биҳишт] Барои касоне омода шудааст, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон овардаанд. Ин [подош ношӣ аз] фазли илоҳӣ аст, онро ба ҳар ки бихоҳад [ва шоиста бидонад], ато мекунад, ки Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад

57:22 Ҳеҷ осебе дар замин ва ё дар вуҷуди шумо рӯй нахоҳад дод, магар он ки пеш аз эҷодаш дар дафтари [илми илоҳӣ] рақам хӯрдааст. Ба ростӣ, ки ин кор бар Аллоҳ таоло осон аст

57:23 [Ин нуктаро тазаккур додем] То бар он чи аз дастатон меравад, афсӯс нахӯред ва бад-он чи ба даст меоваред, сармаст нагардед, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст намедорад

57:24 Ҳамон касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл во медоранд ва ҳар ки [аз инфоқ] рӯй бигардонад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст