Маркази тарҷумаи Равод — 54
3:30 [Рӯзи қиёмат] Рӯзе [аст], ки ҳар кас он чиро аз кори нек [ва бад] анҷом додааст, ҳозир мебинад ва орзу мекунад миёни ӯ ва аъмоли баде, ки анҷом додааст, фосилаи бисёре бошад; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [нофармонӣ ва кайфари] худ барҳазар медорад; ва Аллоҳ таоло нисбат ба бандагон [-и худ] дилсӯз аст
3:31 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ таоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст"
3:32 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ]-ро итоат кунед"; пас, агар пушт карданд [ва сарпечӣ намуданд], ҳатман, Аллоҳ таоло кофиронро дӯст надорад
3:33 Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён [бартарӣ дод ва] баргузид
3:34 Фарзандоне, ки бархе аз онон [дар тавҳиду ибодат] аз [пайи] бархи дигаранд; ва Аллоҳ таоло шунавову доност
3:35 [Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки ҳамсари Имрон гуфт: "Парвардигоро, ман он чиро дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, ки озод [аз ҳар чиз дар хидмати Байт-ул-муқаддас ва парастишгари Ту] бошад; пас, аз ман бипазир, ки Ту худ шунавову доноӣ"
3:36 Пас, ҳангоме ки ӯро бизод, гуфт: "Парвардигоро, ман ӯро духтар зодаам – вале Аллоҳ таоло ба он чи ӯ ба дунё оварда буд, донотар буд – ва писар ҳаммонанди духтар нест ва ман ӯро Марям ном ниҳодам ва ӯву фарзандонашро аз [шарри] шайтони рондашуда дар паноҳи Ту қарор медиҳам"
3:37 Он гоҳ Парвардигораш ӯ [Марям]-ро ба накуӣ пазируфт ва [ниҳоли вуҷудашро] ба шеваи шоистае парвариш дод ва сарпарастиашро ба Закариё супурд. Ҳар гоҳ Закариё вориди ибодатгоҳ [-и ӯ] мешуд, наздаш ғизое меёфт [пас, бо шигифтӣ] мегуфт: "Эй Марям, ин [ғизо] аз куҷо бароят омадааст"? [Марям] Мегуфт: "Ин [ғизо] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад"