>

Маркази тарҷумаи Равод — 538

57:4 Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; он гоҳ бар арш қарор гирифт. Ҳар чӣ дар замин нуфуз мекунад ё аз он бармеояд ва ҳар чӣ аз осмон фуруд меояд ё дар он суъуд мекунад, [ҳамаро] медонад; ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост; ва Аллоҳ таоло ба он чӣ мекунед, биност

57:5 Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва ҳамаи умур танҳо ба Ӯ бозгардонда мешавад

57:6 [Бо тағйири тадриҷии фаслҳо] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб; ва Ӯ ба рози дилҳо доност

57:7 Ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон оваред ва аз амволе, ки шуморо ҷонишин [ва намояндаи худ дар истифода аз онҳо] қарор додааст, инфоқ кунед; зеро афроде аз шумо, ки имон биёваранд ва инфоқ кунанд, подоши бузурге [дар пеш] дорад

57:8 Чаро ба Аллоҳ таоло имон намеоваред, ҳол он ки Паёмбар шуморо фаромехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред? Агар бовар доред [ба ёд дошта бошед, ки Аллоҳ таоло дар ин маврид] аз шумо паймон гирифтааст

57:9 Ӯст, ки оёти равшангаре бар бандааш нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо [-и куфру ширк] ба сӯйи нур [-и имон] раҳсипор гардонад, [зеро] Аллоҳ таоло нисбат ба шумо дилсӯзу меҳрубон аст

57:10 Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунед, ҳол он ки мероси осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст? Касоне, ки пеш аз фатҳи [Макка] инфоқ карданд ва ҷангиданд, [бо дигарон] баробар нестанд. Дараҷаи онон волотар аз касонест, ки пас аз фатҳ инфоқ карданд ва ҷангиданд, вале Аллоҳ таоло ба ҳар ду гурӯҳ накутарин [подошҳо]-ро ваъда додааст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

57:11 Кист, ки ба Аллоҳ таоло воме наку диҳад [ва инфоқ кунад], то Аллоҳ таоло низ онро барояш чандин баробар созад ва [дар охират] подоше фохир дошта бошад?