Маркази тарҷумаи Равод — 537
56:77 Ки ин [гуфтор] Қуръоне гаронқадр аст
56:78 Дар лавҳи маҳфуз қарор дорад
56:79 Ҷуз фариштагони поксират касе [онро намебинад] ба он дастрасӣ надорад
56:80 Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст
56:81 Оё ин суханро сабук мешуморед?
56:82 Ва ба ҷойи шукри рӯзиҳое, ки ба шумо дода шудааст, онро дурӯғ мепиндоред?
56:83 Он гоҳ ки [ҷони наздиконатон] ба гулугоҳ мерасад
56:84 Ва шумо дар он ҳангом наззора мекунед
56:85 Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале намебинед
56:86 Агар рост мегӯед ва ҳаргиз дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед [ва қиёмате нест],
56:87 пас, чаро ҷонашро бознамегардонед?
56:88 Аммо агар ӯ дар зумраи муқаррабон бошад
56:89 Дар оромишу кушоиш ва биҳишти пурнеъмат аст
56:90 Ва агар дар зумраи саодатмандон бошад,
56:91 [ба ӯ гуфта мешавад] «Саломат ва амният бар ту бод, ки аз саодатмандон ҳастӣ»
56:92 Аммо агар аз такзибкунандагони гумроҳ [ва дар зумраи тирабахтон] бошад
56:93 бо оби ҷӯшон [аз ӯ] пазироӣ мешавад
56:94 ва ба [оташи] дузах дармеояд
56:95 Ин [ваъдаи подош ва азоб] яқинан ҳақиқат дорад [ва тардиде дар он нест]
56:96 Пас, [эй Паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [ӯро] тасбеҳ гӯй
57:1 Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд; ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
57:2 Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад; ва бар ҳар коре тавоност
57:3 Ӯ азалӣ ва абадӣ аст ва пайдо ва нопайдо; ва ба ҳар чизе доност