>

Маркази тарҷумаи Равод — 536

56:51 Он гоҳ шумо, эй гумроҳони такзибкунанда

56:52 Ҳатман, аз [меваи] дарахти зақум хоҳед хӯрд

56:53 Ва шикамҳоро аз он анбошта мекунед

56:54 Он гоҳ рӯйи он оби ҷӯшон менӯшед

56:55 Ҳамчун шутурони ташна

56:56 Ин пазироии онон дар рӯзи ҷазост

56:57 Моем, ки шуморо [аз ҳеҷ] офаридаем; пас, чаро [офариниши дубораро] бовар надоред?

56:58 Оё ба нутфае, ки [дар раҳими ҳамсаронатон] мерезед, таваҷҷуҳ кардаед?

56:59 Оё шумо онро меофаринед ё мо офаринандааш ҳастем?

56:60 Мо дар миёни шумо маргро муқаддар кардем ва нотавон нестем,

56:61 ки амсоли шуморо ҷойгузин [-и худатон] кунем ва шуморо ба гунае ки аз он бехабаред, [дар офаринише нав] падид оварем

56:62 Шумо, ки аз офариниши нахустин ба равшанӣ огоҳ шудаед, чаро [ба ёди охират намеафтед ва] панд намегиред?

56:63 Оё ба донаҳое, ки мекоред, таваҷҷуҳ кардаед?

56:64 Оё шумо ҳастед, ки онро мерӯёнед ё Мо рӯёнандаем?

56:65 Агар мехостем, хошокаш мекардем; чунон ки шигифтзада шавед

56:66 [Ва чунон нобудаш мекардем, ки бигӯед] «Мо зиён кардаем,

56:67 балки ҳама чизро аз даст додаем

56:68 Оё ба обе, ки менӯшед, таваҷҷуҳ кардаед?

56:69 Оё шумо онро аз абр фуру боридед ё Мо фуруборандаи он ҳастем

56:70 Агар мехостем, онро шӯру талх мекардем, пас, чаро сипос намегузоред?

56:71 Оё ба оташе, ки меафрӯзед, таваҷҷуҳ кардаед?

56:72 Оё шумо дарахташро офаридаед Мо офаридаем?

56:73 Мо ин оташро василаи ёдоварии [азоби дузах] ва мояи бархӯрдорӣ [ва роҳатии] мусофирон қарор додаем

56:74 Пас, [эй Паёмбар,] ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯ [ва Ӯро ба покӣ ёд кун]

56:75 Савганд ба ҷойгоҳи ситорагон

56:76 Ки агар бидонед, савганди бузурге аст