Маркази тарҷумаи Равод — 535
56:17 Навҷавононе ҳамвора шодоб гирди онон [ба хидмат] мегарданд
56:18 Бо ҷомҳо ва кӯзаҳо ва қадаҳҳое аз шароби ҷорӣ
56:19 [Шаробе] Ки аз нӯшиданаш сардард намегарданд ва дастхуши мастӣ намешаванд
56:20 Ва аз ҳар мева [дар ихтиёр доранд]
56:21 ва гӯшти паранда, ки бихоҳанд
56:22 Ва ҳуроне ғизолчашм
56:23 Ҳамчун марвориди пинҳон дар садаф
56:24 [Инҳо ҳама] Подоши аъмолашон аст
56:25 Дар он ҷо [сухани] ёва ва гуноҳолуд нахоҳанд шунид
56:26 Дар он ҷо сухане ҷуз салом ва дуруд [-и фариштагон ва биҳиштиён] нест
56:27 Ва [аммо] саодатмандон; чи саодатмандоне!
56:28 Дар канори дарахтони бехори сидр [ҳастанд]
56:29 Ва дарахтони мавз бо хушаҳои барҳамнишаста
56:30 Бо сояе густурда
56:31 Ва оби ҳамвора равон
56:32 Ва меваҳое фаровон,
56:33 ки на тамом шавад ва на мамнуъ гардад
56:34 Ва бистарҳои барафрошта [ва арзишманд]
56:35 Ва ҳамсароне, ки бо офаринише вижа падид овардем [ки зебоӣ ва ҷавонии ҷовидон доранд]
56:36 Ҳамвора душизаанд
56:37 ва шавҳардӯстоне ҳамсиннусол ҳастанд
56:38 [Ҳамаи ин неъматҳо] Барои саодатмандон аст,
56:39 Дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт ҷой доранд]
56:40 ки бархе аз онон дар зумраи пешиниён ва бархе дигар дар зумраи мутааххирон ҳастанд
56:41 Ва [аммо] тирабахтон; чи тирабахтоне!
56:42 Дар миёни боди заҳрогин ва оби ҷӯшон қарор доранд
56:43 Ва сояҳое аз дуди сиёҳ,
56:44 ки на хунук аст ва на хуш
56:45 Онон дар дунё сарватманду саркаш буданд
56:46 Ва бар гуноҳи бузург [-и ширк] исрор меварзиданд
56:47 Ва мегуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдем ва хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
56:48 Оё ниёкони мо низ [барангехта мешаванд]?»
56:49 [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Бе тардид, гузаштагон ва ояндагон
56:50 ҳама дар ваъдагоҳи қиёмат ҷамъ хоҳанд шуд»