>

Маркази тарҷумаи Равод — 534

55:70 Дар миёни он боғҳо занони нексират ва некрӯй ҳузур доранд

55:71 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:72 Ҳуроне, ки дар саропардаи хаймаҳои биҳиштӣ нишастаанд

55:73 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:74 [Душизагоне, ки] Дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст

55:75 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:76 [Биҳиштиён] Бар болиштҳое сабзу бистарҳое нафису зебо орамидаанд

55:77 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:78 Номи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат бобаракату фархунда аст

56:1 Ҳангоме ки воқеаи қиёмат рух диҳад

56:2 [Хоҳед дид, ки] Дар вуқуи он дурӯғе нест

56:3 [Гурӯҳеро] Хор мекунад ва [гурӯҳеро] рафъати мақом мебахшад

56:4 Он гоҳ ки замин ба сахтӣ ларзонда шавад

56:5 Ва кӯҳҳо ба тамомӣ муталошӣ гардад

56:6 Ва [ҳамчун] ғуборе пароканда шавад

56:7 Ва шумо ба се гурӯҳ тақсим шавед

56:8 [Нахуст] Саодатмандон [ҳастанд]; чи саодатмандоне [ва чи наку ҷойгоҳе]!

56:9 Ва [гурӯҳи дигар] тирабахтон [ҳастанд]; чи тирабахтоне [ва чи бад ҷойгоҳе]!

56:10 Ва [савумин гурӯҳ] пешгомон, ки [дар некиҳо] сабқат гирифтанд

56:11 Онон муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] ҳастанд

56:12 Дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт ҷой доранд]

56:13 Гурӯҳи бисёре аз онон дар зумраи пешиниён ҳастанд [хоҳ аз уммати ислом ё аз умматҳои гузашта];

56:14 ва андаке аз ояндагон [ва мутааххирон] ҳастанд

56:15 Ки бар тахтҳои гавҳарнишон

56:16 рӯбарӯи ҳам такя задаанд