>

Маркази тарҷумаи Равод — 533

55:42 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:43 Ин [ҳамон] ҷаҳаннаме аст, ки гунаҳкорон инкораш мекарданд

55:44 [Дар он ҷо] Миёни оташу оби ҷӯшон дар ҳаракатанд

55:45 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:46 Ҳар ки аз истодан дар пешгоҳи Парвардигораш [барои ҳисоб] метарсад, ду боғ [дар биҳишт] дорад

55:47 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:48 [Бо дарахтоне] Пур аз шохсор

55:49 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:50 Дар он боғҳо ду чашмаи равон аст

55:51 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:52 Дар он боғҳо аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад

55:53 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:54 [Биҳиштиён] Бар бистарҳое, ки астарашон аз дебои захим аст, такя мезананд ва меваҳои он боғҳо дар дастрасашон аст

55:55 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:56 Дар он боғҳо ҳуроне афтоданигоҳ ҳастанд, ки дасти аҳаде аз инсу ҷин қаблан ба онон нарасидааст

55:57 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:58 Гӯӣ он ҳурон ёқуту марҷонанд

55:59 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:60 Оё подоши некӣ ҷуз некӣ ҳаст?

55:61 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:62 Дар канори он боғҳо ду боғи [биҳиштии] дигар аст

55:63 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:64 [Ду боғ] Ки [дарахтонаш] дар ниҳояти сабзӣ [ва хуррамӣ] аст

55:65 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:66 Дар он ду [боғи биҳиштӣ] ду чашмаи ҷӯшон ҷорӣ аст

55:67 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:68 Ва дар онҳо [дарахтони] мева ва дарахтони хурмо ва анор ҳаст

55:69 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?