>

Маркази тарҷумаи Равод — 532

55:19 Ӯ ду дарё [-е шӯру ширин]-ро равон кард, то [ба якдигар] бирасанд

55:20 [Дар айни ҳол] Миёнашон монеъе аст, ки бо ҳам намеомезанд

55:21 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:22 Аз он ду [дарё] марвориду марҷон ба даст меояд

55:23 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:24 Киштиҳои кӯҳпайкари бодбонбарафрошта дар дарё барои Ӯст

55:25 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:26 Ҳар чӣ рӯи замин аст, фанопазир аст

55:27 Ва [танҳо зоти ҷовиду] рӯйи Парвардигори бошукӯҳу арҷмандат боқӣ хоҳад монд

55:28 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:29 [Тамоми] Касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд аз Ӯ дархости ниёз мекунанд ва Ӯ ҳар рӯз [ва ҳар лаҳза] дар коре аст

55:30 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:31 Эй гурӯҳи ҷинну инс, ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем

55:32 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:33 Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед аз каронаҳои осмону замин гузар кунед, [то аз муҷозоти илоҳӣ бираҳед] пас, гузар кунед; қодир [ба ин кор] нахоҳед буд, магар бо қудрати [фаровоне, ки шумо онро надоред]

55:34 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:35 Шарорае аз оташ ва зарроти оташе бар шумо борида мешавад, ки [дар баробари он] қодир ба дифоъ нестед

55:36 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:37 Он гоҳ ки осмон бишкофад ва ҳамчун равғани гудохта сурхфом гардад [қиёмат оғоз хоҳад шуд]

55:38 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:39 Он рӯз [ба иллати равшан будани ҳамаи умур] аз инсу ҷин [дар бораи гуноҳонашон] суол нахоҳад шуд

55:40 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:41 Гунаҳкорон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд; он гоҳ [ононро] аз мӯйи пешонӣ ва пойҳояшон мегиранд [ва ба дузах меандозанд]