>

Маркази тарҷумаи Равод — 531

54:50 Ва [чун чизеро ирода намоем] фармони Мо фақат як [калима] аст; ба суръати як чашм бар ҳам задан [камтар анҷом мепазирад].

54:51 Мо [дар гузашта] ҳаммонанди шумо [кофирон]-ро ҳалок кардем; пас, оё пандпазире ҳаст?

54:52 Рафторашон ба тамомӣ дар номаҳои аъмол сабт шудааст

54:53 Ва ҳар кучаку бузурге [дар он] навишта шудааст

54:54 Парҳезкорон дар боғҳо ва [канори] ҷӯйборҳо [-и биҳиштӣ] ҷой доранд

54:55 Дар маҷлисе саршор аз ростӣ [ва шоистагӣ ва назди фармонравое муқтадир]

55:1 [Аллоҳи] Раҳмон

55:2 Қуръонро омӯзиш дод

55:3 Инсонро офарид

55:4 [Ва] Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт

55:5 Хуршеду моҳ бо ҳисобе муназзам [-у дақиқ] дар гардишанд

55:6 Ва ситора ва дарахт [барояш] саҷда мекунанд

55:7 Ӯ осмонро барафрошт ва мизони [адолатро дар замин] барқарор намуд

55:8 [Эй мардум, чунин кард] То дар вазну паймона [ба якдигар] ситам накунед;

55:9 Ва санҷиш [-и ҳуқуқи дигарон]-ро ба адолат баровард кунед ва дар санҷиш зиён нарасонед [ва камфурӯшӣ накунед]

55:10 Ӯ заминро барои [зиндагии] инсонҳо муқаррар дошт

55:11 Ки дар он [анвои] меваҳо ва нахлҳои хушадор аст

55:12 Ва [ҳамчунин] ҳубуботи баргдор ва гиёҳони хушбӯ

55:13 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:14 Ӯ инсонро аз гиле ҳамчун сафол офарид

55:15 Ва ҷинро аз шуълае аз оташ халқ кард

55:16 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?

55:17 Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳост

55:18 Пас, [эй ҷинну инс] кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?