>

Маркази тарҷумаи Равод — 530

54:28 Ва ба онон эълом кун, ки оби [чоҳ] байни эшон [ва он модашутур] саҳмиябандӣ шудааст ва ҳар ки дар навбати худ бояд ҳозир шавад»

54:29 Вале онон ҳамдасташонро нидо доданд; ӯ низ даст ба кор шуд ва [шутурро] ба қатл расонд

54:30 Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд

54:31 Мо бар онон бонги маргборе фиристодем; пас, [ҳамагӣ] ҳамчун гиёҳи хушкида [бозмонда аз оғилҳо] хурду рез шуданд

54:32 Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?

54:33 Қавми Лут [низ] ҳушдордиҳандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд

54:34 [Мо низ] Тӯфони регборе бар сарашон фиристодем [ки ҳамагиро ҳалок кард]; магар хонаводаи Лут, ки саҳаргоҳон наҷоташон додем

54:35 [Ин наҷот] Неъмате аз ҷониби Мо буд; ва ба ҳар ки сипосгузорӣ кунад, ин гуна подош медиҳем

54:36 Лут ононро аз кайфари [сахти] Мо бим дод; вале онон дар баробари ҳушдорҳо ба муҷодала [ва ситез] бархостанд

54:37 Онон аз Лут хостанд, ки меҳмононашро [барои комҷӯӣ] дар ихтиёрашон бигзорад; пас, Мо низ чашмонашонро кӯр кардем [ва гуфтем]: «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»

54:38 Ва субҳгоҳон азобе пойдор ононро фаро гирифт

54:39 [Ва гуфтем] «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»

54:40 Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?

54:41 Ҳушдордиҳандагон ба суроғи фиръавниён [низ] рафтанд

54:42 [Вале] Онон тамомии оёти Моро дурӯғ шумурданд; мо низ чунон [ки шоистаи Парвардигори] шикастнопазиру муқтадир [аст] азобашон кардем

54:43 [Эй аҳли Макка] Оё кофирони шумо аз онон беҳтаранд ё барои шумо амонномае дар китобҳои [осмонии пешин навишташуда] аст?

54:44 Ё мегӯянд: «Мо ҷамоате муттаҳиду интиқомҷӯ ҳастем»

54:45 Ба зудӣ [дар ҷанги Бадр] ҷамъашон шикаст мехӯранд ва фирорӣ хоҳанд шуд

54:46 Ваъдагоҳашон қиёмат аст, ки [нисбат ба майдони Бадр рӯзгоре бисёр] сахттару талхтар аст

54:47 Гунаҳгорон дар гумроҳӣ ва азобанд

54:48 Рӯзе, ки бо чеҳраҳояшон дар оташ кашида мешаванд [ва ба онон мегӯянд] «Оташи дузахро бичашед»

54:49 Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем