Маркази тарҷумаи Равод — 53
3:23 [Эй паёмбар] Оё достони касонеро, ки баҳрае аз китоб [-и Таврот] ёфтаанд, надонистаӣ, ки чун ба [бозгашт ба] сӯйи китоби Аллоҳ таоло фаро хонда мешаванд, то миёнашон ҳукм кунад, гурӯҳе аз [уламову бузургони] онон [ки ҳақиқатро хилофи майлу манфиати худ мебинанд] ба ҳоли сарпечӣ рӯ барметобанд?
3:24 Ин [рӯйгардонӣ аз ҳақ], бад-он сабаб аст, ки гуфтанд: "Оташ [-и дӯзах] ҷуз чанд рӯзе ба мо нахоҳад расид"; ва ин [ифтироҳо] ва дурӯғҳое, ки мебофтанд, ононро дар динашон фирефта сохт
3:25 Пас, [ҳоли пушаймониашон] чи гуна хоҳад буд? [Оре, дар бадтарин ҳол хоҳанд буд] Он гоҳ ки ононро барои рӯзе, ки [ҳеҷ] тардиде дар он нест, гирд оварем ва ба ҳар кас [подоши] он чи, ки фароҳам кардааст, ба тамом ва камол дода шавад ва ба эшон ситам нахоҳад шуд
3:26 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Бор Илоҳо, эй Фармонравои ҳастӣ, ҳар киро бихоҳӣ, ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар ки бихоҳӣ, ҳукуматро бозпас мегирӣ; ва ба ҳар ки бихоҳӣ, иззат [-у қудрат] медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ, хор медорӣ. [Парвардигоро] Хубӣ ба дасти Туст ва бе гумон, Ту бар ҳар чизе тавоноӣ
3:27 Шабро ба рӯз дармеоварӣ ва рӯзро ба шаб дармеоварӣ [ва аз тӯли яке мекоҳӣ ва бар дигаре меафзоӣ] ва [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварӣ [рӯйиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозӣ [берун омадани тухм аз паррандагон] ва ба ҳар ки бихоҳӣ, бешумор рӯзӣ медиҳӣ"
3:28 Муъминон набояд кофиронро ба ҷойи муъминон дӯсти худ бигиранд; ва ҳар ки чунин кунад, бо Аллоҳ таоло ҳеҷ пайванде надорад ва [Аллоҳ таоло аз ӯ безорӣ меҷӯяд]; магар он ки [ночор шавед бо нармӣ дар гуфтору рафтор] хешро аз [озори] эшон дар амон доред [ва ба хотири ҳифзи ҷонатон эҳтиёт кунед]; ва Аллоҳ таоло шуморо аз [кайфари] хеш барҳазар медорад; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст
3:29 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар ҳар он чи [аз дӯстӣ ва муҳаббати кофирон, ки] дар дилҳоятон аст, пинҳон доред, ё ошкораш кунед, Аллоҳ таоло онро медонад, [ва низ] он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност"