>

Маркази тарҷумаи Равод — 529

54:7 Бо дидагони фуруафтода [аз ваҳшат] аз гурҳо хориҷ мешаванд; [ҳаракаташон ба сӯйи додгоҳи илоҳӣ чунон аст, ки] гӯӣ малахҳое парокандаанд

54:8 [Ҳароснок] Ба сӯйи мунодӣ [-и маҳшар] мешитобанд ва кофирон мегӯянд: «Имрӯз рӯзи душворе аст»

54:9 Пеш аз онон низ қавми Нуҳ [паёмбарашонро] такзиб карданд ва бандаи Моро дурӯғгӯ хонданд ва гуфтанд: «Девона аст»; ва ӯро сахт озурданд

54:10 Пас, ӯ Парвардигорашро хонд [ва гуфт]: «Ман мағлуб шудаам; пас, ёриам фармо [ва аз онон интиқом бигир]»

54:11 Мо низ дарҳои осмонро барои [резиши] борони селосо кушудем

54:12 Ва аз замин низ чашмаҳо ҷорӣ сохтем ва обҳо [аз замину осмон] барои тӯфоне, ки муқаддар шуда буд, ба ҳам пайваст

54:13 Ва Нуҳро бар [киштии] сохта ва пардохта аз тахтаҳо ва мехҳо савор кардем

54:14 Ки таҳти назар [ва ҳифозати] Мо ҳаракат мекард. Ин подоши касе буд, ки [қавмаш] инкораш карда буданд

54:15 Мо он [кайфару наҷот]-ро нишонае [аз қудрати худ] бар ҷой гузоштем; оё пандпазире ҳаст?

54:16 Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд

54:17 Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?

54:18 Қавми Од [низ паёмбарашонро] дурӯғгӯ пиндоштанд; пас, [эй аҳли Макка, бингаред, ки] азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд

54:19 Мо тундбоде сарду сахтро дар як рӯзи шум ва тӯлонӣ бар онон фиристодем

54:20 [Тӯфоне ваҳшатнок] Ки мардумро чунон аз ҷой меканд, ки гӯӣ танаҳои нахли решаканшуда буданд

54:21 Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд

54:22 Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?

54:23 Қавми Самуд [низ] ҳушдоркунандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд

54:24 Онон гуфтанд: «Оё [сазовор аст] башаре аз миёни худамонро пайравӣ кунем? Дар он сурат дар гумроҳӣ ва сардаргумӣ хоҳем буд

54:25 Оё аз миёни ҳамаи мо танҳо бар ӯ ваҳй нозил шудааст? [Чунин нест] Балки ӯ дурӯғгӯе худписанд аст»

54:26 Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худписанд кист

54:27 Ба Солеҳ гуфтем] «Барои озмоиши онон модашутуре [-ро, ки дархост кардаанд, аз дили кӯҳ ба сӯяшон] хоҳем фиристод; пас, муроқиби рафторашон бош ва [бар озорашон] шикебоӣ кун