>

Маркази тарҷумаи Равод — 528

53:45 Ва ҳам Ӯст, ки завҷи нару модаро меофарад,

53:46 аз нутфае, ки [дар раҳим] рехта мешавад

53:47 ва падид овардани дубораи онҳо [дар қиёмат низ бар уҳдаи] Аллоҳ таоло аст

53:48 Ва Ӯст, ки [шуморо] бениёз мекунад ва сармоя мебахшад

53:49 Ва Ӯст, ки Парвардигори [ситораи] «Шиъро» аст

53:50 Ва Ӯст, ки қавми Одро дар гузашта ҳалок кард

53:51 Ва қавми Самудро [низ нобуд кард] ва [ҳеҷ як аз ононро] боқӣ нагузошт

53:52 Ва қавми Нуҳро, ки ситамгортар ва саркаштар буданд, пеш аз он [ҳалок намуд]

53:53 Ва шаҳрҳои зерурӯшуда [-и қавми Лут]-ро дар ҳам кӯбид

53:54 Ва ононро [бо азобе фарогир] – чунон ки бояд пӯшонид

53:55 Ҳол [эй инсон] дар мавриди кадом як аз неъматҳои Парвардигорат тардид раво медорӣ [ва муҷодала мекунӣ]?

53:56 Ин [паёмбар низ] ҳушдордиҳандаест аз [гурӯҳи] ҳушдордиҳандагони пешин

53:57 Қиёмат наздик мешавад

53:58 Ва ҳеҷ кас – ҷуз Аллоҳ таоло – наметавонад ошкораш кунад [ва сахтиҳояшро бартараф созад]

53:59 [Эй мушрикон] Оё аз ин сухан дар шигифтед?

53:60 Ва дар ҳоли ғафлат ва ғурур [ба оёти Қуръон] механдед ва [аз шунидани ҳушдорҳояш наметарсед ва] ашк намерезед?

53:61 Ва шумо бозикунандагонед

53:62 Пас, [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда кунед ва [танҳо] Ӯро бипарастед

54:1 Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] шикофт

54:2 Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯ мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуе [ботилу] зудгузар аст»

54:3 Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад

54:4 Ва мутмаинан [моҷарои азоби ақвоми гузашта ва] ахборе, ки боиси даст кашидан аз гуноҳ мешавад, ба мушрикон расидааст

54:5 Ин [оёти илоҳӣ донишу] ҳикмате расост; вале [барои афроди лаҷуҷ] ҳушдорҳо суде надорад

54:6 Пас, [эй Паёмбар] аз онон рӯ бартоб, [ва мунтазири] рӯзе [бош], ки [фариштаи] даъваткунанда [бо дамидан дар сур] ононро ба амре бас душвор [-у ваҳшатнок] фаро бихонад