>

Маркази тарҷумаи Равод — 527

53:27 Касоне, ки ба охират бовар надоранд, бар фариштагони илоҳӣ номи духтар мегузоранд [ва ононро духтарони Аллоҳ таоло медонанд]

53:28 Онон дар мавриди ин амр [комилан] беиттилоанд [ва] фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд; дар ҳоле ки барои [шинохти] ҳақиқат гумон кофӣ нест

53:29 Пас, [эй Паёмбар] ту низ аз касе, ки аз ёди Мо рӯй гардонида ва фақат [лаззатҳои] зиндагии дунёро мехоҳад, рӯй бартоб

53:30 Ниҳояти дарку фаҳмашон ҳамин аст. Бе тардид, Парвардигорат ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф шудаанд огоҳтар аст; ва низ ба ҳоли роҳёфтагон

53:31 Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, [роҳи хайру шарро ба инсон ироа кард] то бадкоронро дар баробари рафторашон кайфар диҳад ва накукоронро [бо неъматҳои биҳишт] подоши наку ато намояд

53:32 Ҳамон касоне, ки аз гуноҳони кабира ва корҳои зишту бешармона дурӣ мекунанд; магар лағжишҳои камаҳамият [ва гуноҳони сағира, ки бо тавба ва ибодат бахшида мешаванд], ки омурзиши Парвардигорат густурда аст; аз ҳамон дам, ки шуморо аз замин падид овард ва он гоҳ ки ба сурати ҷанин дар шиками модаронатон будед, ба [табиати] шумо огоҳтар [аз худатон] аст; пас, худситоӣ накунед, ки Ӯ ба ҳоли парҳезкорон донотар аст

53:33 Оё он касеро, ки [аз ҳақ] рӯй бартофт, дидаӣ?

53:34 Ва андаке инфоқ кард ва [сипас] худдорӣ намуд

53:35 Оё илми ғайб дорад ва [ояндаро] мебинад?

53:36 Оё бохабар нашудааст аз матолиби китоби осмонии Мӯсо

53:37 ва [таълимоти] Иброҳим, ки ҳаққи [рисолат ва бандагии Мо]-ро ба тамомӣ адо кард?

53:38 Ки ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш нахоҳад кашид

53:39 Ва ин ки инсон фақат самараи талош [-у нияти] худро хоҳад дошт

53:40 Ва ин ки бе гумон талоши ӯ [дар муҳосибаи аъмолаш дар рӯзи қиёмат] манзур хоҳад шуд

53:41 Он гоҳ подошашро ба тамомӣ хоҳанд дод

53:42 Ва ин ки бозгашт [-и ҳамаи умур] ба сӯйи Парвардигори туст

53:43 Ва Ӯст, ки механдонад ва мегирёнад

53:44 Ва Ӯст, ки мемиронад ва [дар охират] зинда мекунад