>

Маркази тарҷумаи Равод — 526

53:1 Савганд ба ситора, он гоҳ ки нопадид шавад

53:2 Ки ёри шумо [Муҳаммад] ҳаргиз гумроҳ нашуда ва ба роҳи табоҳе наафтодааст

53:3 Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд

53:4 [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест

53:5 [Ҷабраил, ки фариштае аст] Пуртавон таълимаш додааст

53:6 [Ҳамон фариштаи] Хушманзаре, ки [бо чеҳраи ҳақиқиаш дар баробари Паёмбар] истод

53:7 Дар ҳоле ки ӯ дар уфуқи боло [дар осмон] қарор дошт

53:8 Сипас [Ҷабраил] наздик шуд; ва наздиктар

53:9 Пас, [фосилаи ӯ бо Паёмбар] ба андозаи тӯли ду камон камтар буд

53:10 Он гоҳ [он фариштаи бузургвор] он чиро, ки бояд ба бандаи Аллоҳ таоло ваҳй мекард, ваҳй намуд

53:11 Он чиро, ки [паёмбар] дид, қалбаш дурӯғ напиндошт

53:12 Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед?

53:13 Дар ҳақиқат, паёмбар як бори дигар низ он фариштаро [ба сурати комил] мушоҳида карда буд

53:14 Дар канори [дарахти бузург] «Сидрату-л-мунтаҳо» [дар осмони ҳафтум]

53:15 ки оромишгоҳи биҳишт ҳамон ҷост

53:16 Он гоҳ ки ҳолате он дарахтро пӯшонида буд

53:17 Чашми [паёмбар ба чапу рост] мунҳариф нашуд ва [аз ҳад] таҷовуз накард

53:18 Ба ростӣ, ки ӯ бархе аз бузургтарин нишонаҳои Парвардигорашро [дар он ҷо] мушоҳида кард

53:19 [Эй мушрикон] Оё «Лот»-у «Уззо»-ро дидаед?

53:20 Ва «Маннот» он савумин [бути беарзиш]-ро? [Оё ҳеҷ суду зиёне ба шумо мерасонанд?]

53:21 Оё [иддао мекунед, ки] фарзанди писар барои шумост ва духтар барои Аллоҳ таоло?

53:22 Дар ин сурат, тақсиме ноодилона аст

53:23 Ин бутҳо фақат исмҳое [бемаъно] ҳастанд, ки худ ва падаронатон бо онҳо [маъбудҳои дурӯғини худро] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле [бар ҳаққонияти ин кор] нозил накардааст. [Мушрикон дар эътиқодоташон] Фақат пайрави гумону хостаҳои дили хешанд; ҳол он ки [муҷиботи] ҳидоят аз ҷониби Парвардигорашон бар онон расидааст

53:24 Оё инсон ҳар чи [аз шафоати ин маъбудони ботил] орзу кунад, барояш муяссар аст?

53:25 Дунё ва охират аз они Аллоҳ аст [ва ба ҳар кас, ҳар чиро салоҳ бидонад мебахшад]

53:26 Чи бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоаташон ба ҳеҷ ваҷҳ судманд нахоҳад буд; магар пас аз он ки Аллоҳ таоло барои ҳар ки бихоҳад ва хушнуд бошад, иҷозат диҳад