>

Маркази тарҷумаи Равод — 525

52:32 Оё ақлҳояшон ба [баёни] ин [суханони ботил] ҳукм мекунад, ё [асосан] мардуме саркаш ҳастанд?

52:33 Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро ҷаъл кардааст?». [Ҳаргиз чунин нест] Балки [ғарқ дар такаббуранд, ки] имон намеоваранд

52:34 Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд

52:35 Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд?

52:36 Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст]

52:37 Оё ганҷинаҳои [неъмат ва ҳидояти] Парвардигорат назди эшон аст? Оё [бар ҳама чиз] тасаллут доранд?

52:38 Оё нардбоне доранд, ки ба василаи он [гуфтори фариштагони ваҳйро] мешунаванд? Пас, ҳар ки шунидааст, бояд далеле равшан биёварад

52:39 Оё Аллоҳ таоло фарзандони духтар дорад ва шумо писар?

52:40 [Эй Паёмбар] Оё аз онон подоше дархост мекунӣ, ки [аз пардохташ дар ранҷанд ва харҷаш] барояшон [гарону] сангин аст?

52:41 Оё аз илми ғайб огоҳанд ва [хабарҳои ниҳонро] менависанд?

52:42 Оё қасди найранг[ва нақшаи палиде бароят] доранд? Вале кофирон худ гирифтори найранг [ва тадбири илоҳӣ] ҳастанд

52:43 Оё онон маъбуде ғайр аз Аллоҳ таоло доранд? Аллоҳ таоло аз он чи бо Ӯ шарик қарор медиҳанд, поку муназзаҳ аст

52:44 [Ин кофирон, ҳатто] Агар порае аз осмонро низ дар ҳоли суқут бубинанд, [боз ҳам имон намеоваранд ва] мегӯянд: «Абре мутароким аст»

52:45 Пас, ононро [ба ҳоли худ] раҳо кун, то бо рӯзи мавъудашон, ки [бо нахустин дамидани сур] мадҳуши марг мегарданд, мувоҷеҳ шаванд

52:46 Рӯзе, ки найрангашон судманд нахоҳад буд ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд

52:47 Ситамгорон [дар дунё низ ба дасти муъминон] ба азоби дигаре гирифтор хоҳанд шуд; вале бештарашон намедонанд

52:48 [Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун

52:49 Ва низ [дар посе] аз шаб Ӯро ситоиш кун [ва намоз бигузор] ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон [дар сапедадам низ намози субҳ бигузор]