>

Маркази тарҷумаи Равод — 524

52:15 Оё ин [оташу азоби] ҷодуст ё [ҳанӯз ҳам онро] намебинед?

52:16 Ба оташ дароед [ва бисӯзед], ки шикебоӣ ва ношикебоии шумо [дар баробари шуълаҳои сӯзонаш] бароятон яксон аст; танҳо дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед»

52:17 Ба ростӣ, ки парҳезкорон дар боғҳои биҳишт дар нозу неъматанд

52:18 Ва аз бахшишҳои [бедареғи] Парвардигорашон ва аз ин ки аз азоби дузах нигоҳашон доштааст, шодмонанд

52:19 [Ба онон гуфта мешавад] «Ба подоши кирдоратон [дар дунё инак] гуворо бихӯред ва биошомед»

52:20 Дар ҳоле ки бар тахтҳое радифшуда такя задаанд ва ҳурони ғизолчашмро ба ҳамсарии онон дармеоварем

52:21 Муъминоне, ки фарзандонашон дар имон пайрави онон буданд, фарзандонашонро [низ дар биҳишт] ба онон мулҳақ хоҳем кард ва аз [подоши] амалашон заррае намекоҳем; чаро ки [сарнавишти] ҳар кас дар гарави дастоварди худи ӯст

52:22 [Дар биҳишт аз] Ҳар навъ мева ва гӯште, ки бихоҳанд, пайдарпай дар дастрасашон қарор медиҳем.

52:23 Дар он ҷо ҷомҳои шаробе аз дасти якдигар мегиранд, ки на муҷиби беҳудагӯӣ аст ва на гуноҳ;

52:24 Ва навҷавононе [ки барои хидмат] перомунашон дар рафту омаданд, гӯӣ [аз зебоӣ ва сапедрӯӣ] ҳамчун марвориде дар садаф ҳастанд

52:25 [Биҳиштиён] Ба якдигар рӯ меоваранд ва аз [дунё ва аҳволи гузаштаи] худ суол мекунанд

52:26 Мегӯянд: «Мо дар дунё дар хонаводаи худ [аз азоби илоҳӣ] метарсидем

52:27 Аллоҳ таоло [бо неъмти ислом] бар мо миннат ниҳод ва аз азоби сӯзон [-и дузах] ҳифзамон кард

52:28 Мо дар зиндагии дунё ҳамвора Ӯро [парастиш мекардем ва ба рубубият] мехондем. Бе тардид, Ӯ накукору меҳрубон аст

52:29 Пас, [эй Паёмбар, бо оёти Қуръон ба мардум] андарз бидеҳ, ки ба лутфи Парвардигорат [ту бар хилофи иддаои кофирон] на коҳинӣ ва на маҷнун

52:30 Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Шоирест, ки мунтазирем, то маргаш фаро расад [ва аз суханонаш раҳоӣ ёбем]?»

52:31 Бигӯ: «Мунтазир [-и марги ман] бошед; ман низ бо шумо мунтазир хоҳам монд [то азобатонро ба чашм бинам]»