Маркази тарҷумаи Равод — 523
51:52 Ҳар паёмбаре, ки бар пешиниёнашон мабъус шуд, ҳамин гуна гуфтанд: «[Ӯ ё] Ҷодугар аст ё девона»
51:53 Оё якдигарро ба ин [куфру такзиб] супориш карда буданд? На, балки мардуме саркаш буданд
51:54 Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон, ки ту [ба хотири куфри онон] ҳаргиз сазовори сарзаниш нестӣ
51:55 Ва [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст
51:56 Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]
51:57 На аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд
51:58 [Зеро] Аллоҳ таоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст
51:59 Ситамгорон [-и мушрик низ] ҳамчун ёрон [-и гузашта]-и хеш саҳме аз азоб доранд; пас, ба шитоб [онро] аз Ман нахоҳанд
51:60 Пас, вой бар кофирон аз [азоби] рӯзи мавъудашон!
52:1 Савганд ба кӯҳи Тур
52:2 ва савганд ба китоби навишташуда
52:3 Дар саҳифаҳои кушуда
52:4 Ва савганд ба «Байту-л-маъмур» [ки фариштагон дар он ба ибодати Парвардигор машғуланд]
52:5 Ва савганд ба [осмони баланд ҳамон] сақфи барафрошта [бар замин]
52:6 Ва савганд ба дарёи оганда [аз об]
52:7 Ки бе тардид, азоби Парвардигорат ба вуқуъ хоҳад пайваст
52:8 Ва ҳеҷ боздорандае онро бознадорад
52:9 Рӯзе, ки осмон ба сахтӣ дар ҷунбиш ва изтироб афтад
52:10 Ва кӯҳҳо ба ҳаракате шадид равон шаванд
52:11 Дар он рӯз вой ба ҳоли такзибкунандагон
52:12 Ҳамон касоне, ки дар беҳудагӯӣ саргарми бозианд
52:13 Рӯзе, ки бо хушунат ба сӯйи оташи дузах ронда мешаванд
52:14 [Ба онон гуфта мешавад] «Ин [ҳамон] оташест, ки онро дурӯғ мепиндоштед