Маркази тарҷумаи Равод — 522
51:31 [Иброҳим] Гуфт: «Эй фариштагон [-и Аллоҳ таоло], кору маъмурияти шумо чист?»
51:32 [Фариштагон] Гуфтанд: «Мо барои [муҷозоти] қавме муҷрим [ва гунаҳкор] фиристода шудаем
51:33 То сангҳое аз гил [-и сахтшуда] бар сарашон фуру борем
51:34 [Сангҳое] Ки назди Парвардигорат барои исрофкорон нишон гузошта шудааст
51:35 Пас, муъминонеро, ки дар он [шаҳрҳои қавми Лут] буданд, [пеш аз нузули азоб] берун овардем
51:36 Вале фақат як хонаводаро ёфтем, ки [нисбат ба авомири илоҳӣ] таслим буданд
51:37 Ва дар он [шаҳрҳо] барои мардуме, ки аз азоби дарднок [-и илоҳӣ] тарс доранд, нишонае равшан бар ҷой гузоштем
51:38 Дар [достони] Мӯсо [низ нишона ва ибратест]; он гоҳ ки ӯро бо далеле равшан назди Фиръавн фиристодем
51:39 Вале [Фиръавн] бо такя бар қудраташ [ҳақро] напазируфт ва гуфт: [«Ин мард ё] Ҷодугар аст ё девона»
51:40 Ӯро ҳамроҳ бо сипоҳиёнаш гирифтем ва ба дарё афкандем [ва ҳалок кардем]; дар ҳоле ки [дар лаҳзаи марг худро ба хотири нофармонӣ ва куфраш] сарзаниш мекард
51:41 Дар [достони қавми] Од [низ дарси ибратест]; он гоҳ ки тундбоде бе хайру баракат бар онон фиристодем
51:42 [Тундбоде] Ки бар ҳар чиз вазид, хоку хошокаш кард
51:43 Дар [достони қавми] Самуд [низ дарси ибрате аст] он гоҳ ки [тавассути паёмбарашон Солеҳ] ба онон гуфта шуд: «Андаке [аз лаззатҳои зиндагӣ] баҳраманд шавед [ки танҳо се рӯз фурсат доред]»
51:44 Онон аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд; пас, дар ҳоле ки [ба чашми худ азобро] медиданд, соиқа ононро фаро гирифт
51:45 [Чунон бар замин афтоданд, ки] На тавони бархостан [ва гурез] доштанд ва на ёрои дифоъ
51:46 Пеш аз он қавми Нуҳро, ки гурӯҳе нофармон буданд [ҳалок кардем]
51:47 Мо осмонро ба тавон [-и худ] бино ниҳодем ва ҳамвора онро вусъат мебахшем
51:48 Ва заминро [барои зиндагӣ] густурдем ва чи нек густуронандае ҳастем!
51:49 Ва ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред
51:50 [Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ:] «Пас, ба сӯйи Аллоҳ таоло биштобед, ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам
51:51 Ва дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надиҳед, яқинан, ман аз [ҷониби] Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам»