>

Маркази тарҷумаи Равод — 520

50:36 Ва чи бисёр умматҳоеро, ки пеш аз мушрикони Макка ҳалок кардем, ки онон [ба маротиб] аз инҳо қавитар буданд; пас, дар гӯша ва канори шаҳрҳо ҷустуҷӯ карданд [ки бубинанд оё аз азобу ҳалокати барояшон] ҳеҷ паноҳ ва гурезгоҳе вуҷуд дорад

50:37 Бе гумон дар ин [сухан] барои соҳибдилон ё касоне, ки бо ҳузур [-и қалб ба нидои тавҳид] гӯш фаро медиҳанд ва ҳушёранд, андарз аст

50:38 Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва [ҳаргиз] ранҷу хастагӣ ба Мо нарасид

50:39 [Эй Паёмбар] Дар баробари суханони мушрикон шикебо бош; ва пеш аз баромадани офтоб ва қабл аз фуру шуданаш Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун [ва намоз бигузор]

50:40 Ва низ [дар посе] аз шаб ва пас аз ҳар намоз ӯро ба покӣ ситоиш кун

50:41 Ва [эй Паёмбар] он гоҳ ки мунодӣ [-и қиёмат] аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор

50:42 Рӯзе, ки ҳамагон бонги саҳмноки растохезро ба ҳақ мешунаванд, [он рӯз] рӯзи хуруҷ [аз гурҳо] аст

50:43 Моем, ки ҳаёт мебахшем ва марг медиҳем; ва бозгашт [-и ҳамагон] ба сӯйи Мост

50:44 Рӯзе, ки замин аз [фарози] онон шикофта мешавад, инсонҳо шитобон [берун меоянд]. Ин эҳзоре аст, ки барои Мо осон аст

50:45 Мо ба он чи [кофирон] мегӯянд, донотарем; ва ту [эй Паёмбар] бар онон мусаллат нестӣ [ки бихоҳӣ ба имон овардан водорашон кунӣ]; пас, касеро, ки аз азоб [ва ҳушдори] Ман метарсад, ба [василаи] Қуръон андарз бидеҳ

51:1 Савганд ба бодҳои хокафшон

51:2 Ва савганд ба абрҳои сангинбор

51:3 Ва савганд ба киштиҳои сабуксайр

51:4 Ва савганд ба фариштагон, ки умури илоҳиро [миёни мардум] тақсим мекунанд

51:5 Ки он чӣ ба шумо [дар мавриди подош ва азоб] ваъда дода шуда, ҳақиқат дорад

51:6 Ва [рӯзи] ҷазо, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад