>

Маркази тарҷумаи Равод — 52

3:16 [Ин биҳиштиён] Касоне [ҳастанд], ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба ростӣ, ки мо имон овардаем; пас, гуноҳонамонро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор"

3:17 Онон [дар баробари мушкилот ва дар роҳи итоат ва тарки гуноҳ] шикебоӣ меварзанд ва [дар гуфтору рафторашон] ростгӯ ҳастанд ва [дар баробари фармудаҳои илоҳӣ] фармонбардоранд ва [барои хушнудии Бори таоло] инфоқ мекунанд ва дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд

3:18 Аллоҳ таоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст

3:19 Дар ҳақиқат, дини [писандида] назди Аллоҳ таоло ҳамон ислом аст; ва касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд, магар пас аз он, ки илм барояшон [ҳосил] омад [ва ҳуҷҷат барояшон тамом шуд]. Он [ихтилоф ва тафриқа] ҳам ба хотири саркашӣ ва ҳасаде [буд], ки миёнашон вуҷуд дошт; ва ҳар ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр биварзад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

3:20 [Эй паёмбар] Агар [дар бораи ислом ва тавҳид] бо ту муҷодала карданд, бигӯ: "Ман дар баробари Аллоҳ таоло [ва авомиру аҳкомаш] таслим шудаам ва пайравонам [низ чунин ҳастанд]"; ва ба аҳли китоб [яҳудиён ва масеҳиён] ва мушрикон бигӯ: "Оё шумо ҳам таслим шудаед"? Агар таслим шаванд, ҳатман ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шуданд [ва сарпечӣ карданд, ғамгин машав, зеро] ту вазифае ҷуз расондан [-и ваҳй] надорӣ; ва Аллоҳ таоло ба [аҳволи] бандагон биност

3:21 Ба ростӣ, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзанд ва паёмбаронро ба ноҳақ [ва фақат аз рӯйи ситаму душманӣ] мекушанд ва [низ] касонеро, ки ба адолат амр мекунанд, ба қатл мерасонанд, ононро ба азоби дарднок башорат деҳ!

3:22 Онон касоне ҳастанд, ки аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шудааст ва [дар охират] ҳеҷ ёваре надоранд