>

Маркази тарҷумаи Равод — 519

50:16 Мо инсонро офаридем ва аз васвасаҳои замираш огоҳем; ва аз шоҳрагаш ба ӯ наздиктарем

50:17 Вақте ду фаришта, ки бар самти росту чап муроқиб нишастаанд, [рафторашро] сабт мекунанд

50:18 Ҳар сухане, ки бар забон меоварад, дар канораш [фариштаи] муроқибе омодааст

50:19 Сахтиҳои марг, ба ростӣ, даррасид. [Эй инсони ғофил] Ин ҳамон чизест, ки аз он мегурехтӣ

50:20 Ва [барои дувумин бор] дар «сур» дамида мешавад [ва қиёмат барпо мегардад]. Он рӯз [рӯзи таҳаққуқи] ваъда [-и азоб] аст

50:21 Ва ҳар кас дар ҳоле [ки ду фаришта ҳамроҳиаш мекунанд, ба арсаи маҳшар] меояд; яке роҳ менамоёнад ва дигаре [бар аъмолаш] гувоҳ аст

50:22 [Ба ӯ гуфта мешавад:] «Ту аз ин [рӯз] дар ғафлат будӣ ва мо [бо азоби дузах] пардаи [ғафлат]-ро аз муқобилат бардоштем; акнун дидаат тезбин шудааст

50:23 [Фариштаи] Ҳамнишини вай мегӯяд: «Ин ҳамон [номаи аъмоли ӯ] аст, ки назди ман омадааст»

50:24 [Аллоҳ таоло ба он ду фаришта хитоб мекунад:] «Ҳар ситезаҷӯи ҳақситезеро дар дузах бияфканед

50:25 [Ҳар] Монеи хайру мутаҷовиз ва бадгумонро

50:26 Ҳамон касе, ки дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медод. Ӯро дар азобе сахт бияфканед»

50:27 [Шайтони] Ҳамнишинаш мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро ба туғён накашидам, вале ӯ худ дар гумроҳии бепоёне буд»

50:28 [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар пешгоҳи Ман ситез накунед, ки пеш аз ин ба шумо ҳушдор дода будем

50:29 Фармони муҷозот назди Ман тағйирпазир нест; ва Аллоҳ таоло [дар кайфару подош] ба бандагонаш ситам намекунад»

50:30 Рӯзе, ки ба дузах мегӯем: «Оё [аз ситамгарон] анбошташудаӣ?». [Ва ӯ] Мегӯяд: «Оё беш аз ин ҳам ҳаст?»

50:31 [Дар он рӯз] Биҳиштро барои парҳезкорон пеш меоваранд [то неъматҳояшро] аз наздик [бубинанд]

50:32 [Ба онон гуфта мешавад:] «Ин ҳамон подошест, ки ба шумо ваъда дода мешуд, ки барои ҳар тавбакоре аст, ки [ба сӯйи Парвардигораш бозмегардад ва] пойбанд [ба паймону аҳкоми илоҳӣ] аст

50:33 Ҳамон касе, ки дар ниҳон аз [хашми Аллоҳи] раҳмон метарсад ва бо қалбе тавбакор [ба пешгоҳаш] бозмегардад

50:34 Бо саломат ба биҳишт дароед; ин аст рӯзи ҷовидонагӣ»

50:35 Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, дар ихтиёр доранд ва ҳатто бештар аз он низ дар ихтиёри мост