>

Маркази тарҷумаи Равод — 518

50:1 [Қоф];[1] савганд ба Қуръони арҷманд [ки растохез омаданӣ аст]

50:2 Мушрикон аз ин ки ҳушдордиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ мекунанд ва мегӯянд: «Моҷарои аҷибе аст

50:3 Он ҳангоме ки мурдем ва хок шудем [дубора барангехта хоҳем шуд?]. Ин бозгаште баид аст»

50:4 Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст]

50:5 Вақте ки [Қуръон, яъне каломи] ҳақ бар онон расид, такзибаш карданд; пас, дар ҳолати саргардонӣ [ва парешонӣ] ҳастанд [ва дар бораи Қуръон ҳайронанд]

50:6 Оё кофирон осмонро бар фарозашон наменигаранд, ки чи гуна онро барафроштем ва [ба зевари ситорагон] оростем ва орӣ аз [ҳар гуна] нуқсу халал аст?

50:7 Ва заминро густурдем ва кӯҳҳои собит дар он пай афкандем ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо [шодиангезе] дар он рӯёнидем

50:8 [Онҳоро офаридем] То барои ҳар бандаи тавбакор муҷиби бинишу панд бошад

50:9 Ва аз осмон бороне пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳо [-и мева] ва [мазореи] дона [ҳо]-и даравкарданӣ рӯёнидем

50:10 Ва дарахтони саркашидаи хурмо бо хушаҳои барҳамнишаста

50:11 Барои рӯзии бандагон; ба василаи он [борон] сарзамини хазонзада ва хушкро ҳаёт бахшидем; хуруҷ аз қабрҳо [дар қиёмат] низ ҳамин гуна аст

50:12 Пеш аз онон низ қавми Нуҳу аҳолии «Рас» [чоҳ] ва қавми Самуд [паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд

50:13 Ва [ҳамчунин қавми] Оду Фиръавн ва қавми Лут

50:14 ва аҳолии «Айка» [қавми Шуайб] ва қавми «Туббаъ»; ҳар як [аз онон] паёмбарони [илоҳӣ]-ро дурӯғгӯ шумурданд; пас, ваъдаи азоби ман [бар онон] таҳаққуқ ёфт

50:15 Оё мо дар офариниши нахустин фуру мондем [то аз бозофаринии он оҷиз бошем]? [Ҳаргиз] Балки онон аз офариниши ҷадид дар [ҳайрат ва] тардиданд