>

Маркази тарҷумаи Равод — 515

48:29 Муҳаммад расулуллоҳ ва [саҳобаи муъмин ва фидокораш ҳамон] касоне, ки ҳамвора бо ӯ ҳастанд, дар баробари кофирон [-и ситезаҷӯ] муҳкаму сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон; эшонро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки пайваста фазлу хушнудии Аллоҳро меҷӯянд; нишони [имону парҳезгории] онон дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда ва ибодат ҳувайдост; ин васфи эшон дар Таврот аст; ва тавсифашон дар Инҷил [низ] ҳамчун гиёҳе аст, ки ҷавонаашро бармеоварад ва онро неру мебахшад, то муҳкам гардад ва бар соқаҳояш устувор биистад; чунон ки муҷиби шигифтии кишоварзон шавад; дар натиҷа, Аллоҳ таоло бо [тақвият ва пешрафти] муъминон кофиронро ба хашм дармеоварад. Аллоҳ таоло ба муъминони накукор [саҳоба ва пайравонашон] ваъдаи омурзиш ва подоше бузург додааст

49:1 Эй муъминон, дар баробари Аллоҳ таоло ва паёмбараш [дар ҳеҷ коре] пешӣ нагиред; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло шунавову доност

49:2 Эй муъминон, садоятонро баландтар аз садои Паёмбар накунед; ва ҳамчунон ки бархе аз шумо бо бархе дигар баланд сухан мегӯяд, бо ӯ ба садои баланд сухан нагӯед. Мабодо бе онки бидонед, аъмолатон табоҳ гардад

49:3 Онон, ки садои худро назди расулуллоҳ поин меоваранд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро барои парҳезкоре озмуда [ва холис гардонида] аст. Барои онон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст

49:4 [Вале] Онон, ки аз пушти утоқҳо [-и ҳамсаронат] туро садо мезананд, бештарашон бехираданд