>

Маркази тарҷумаи Равод — 514

48:24 Ӯст, ки дар Ҳудайбия дасти ононро аз шумо кӯтоҳ намуд [ва монеъ аз он шуд, ки шуморо ба ҷанг во доранд]; ва пас аз пирӯз сохтани шумо дар Макка низ дасти шуморо аз онон боздошт [ки ононро накушед ва ба асорат нагиред]; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чӣ мекунед, биност

48:25 Онон касоне буданд, ки кофир шуданд ва шуморо аз [вуруд ба] Масҷид-ул-ҳаром боздоштанд ва низ аз расидани қурбониҳои шумо ба қурбонгоҳаш [дар Мино] ҷилавгирӣ карданд; ва агар мардону занони муъмине [байни мардуми Макка] набуданд, ки [дар сурати ошкор шудани даргирӣ мумкин буд] ононро надониста поймол кунед ва нохоста муртакиби гуноҳ шавед, [фармони ҳамла ба Макка медодем; вале Аллоҳ таоло чунин кард] то [аз маккагиён] ҳар киро бихоҳад, фарогири раҳмати хеш қарор диҳад; ва агар [муъминону кофирон дар Макка] аз якдигар ҷудо буданд, кофиронашонро бо азобе дарднок муҷозот мекардем

48:26 [Ба ёд овар] Он гоҳ ки кофирони [Макка дар Ҳудайбия] қалбан дастхуши таассуб, [он ҳам] таассуби ҷоҳилият шуда буданд, Аллоҳ таоло оромиши [хотире аз ҷониби] хеш бар паёмбараш ва бар муъминин фуру фиристод ва ононро ба асл [ва асоси тавҳид ва] парҳезкорӣ [ло илоҳа илла-Аллоҳ] пойбанд сохт; чаро ки [нисбат ба мушрикон] ба он сазовортар ва шоистатар буданд; ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

48:27 Аллоҳ таоло руъёи расулашро ба дурустӣ таҳаққуқ бахшид, ки ба хости илоҳӣ, дар ҳоле ки сарҳоятонро тарошида муйҳоятонро кӯтоҳ кардаед, дар эминӣ ва бидуни тарс [аз душман] ба Масҷиду-л-ҳаром ворид хоҳед шуд. [Аллоҳ таоло] Чизҳоеро медонист, ки шумо намедонистед; ва илова бар фатҳи Макка пирӯзии наздики [Хайбар]-ро [низ бароятон] муқаррар намуд

48:28 Ӯст, ки паёмбарашро бо [китоби] ҳидоят ва оини ҳақ фиристод, то [ҳаққонияти бартарии] онро бар ҳамаи адён ошкор гардонад; ва Аллоҳ таоло ба унвони гувоҳ кофӣ аст